Иброҳим Аббуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Аббуд
ар. إبراهيم عبود
Ibrahim Abboud.jpg
Таваллуд 26 октябр 1900(1900-10-26)[1]
Даргузашт 8 сентябр 1983(1983-09-08)[1] (82 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод суннӣ
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Egyptian Army[d]
Рутба маршал[d][2]
Набардҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Иброҳим Аббуд (1900 — 1983 ) — ходими давлатӣ ва ҳарбии Судон. Президенти Судон (1958-1964)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Иброҳим Аббуд 26 октябри соли 1900 дар деҳаи Муҳаммадгул дар наздикии Суакин таваллуд шудааст. Ӯ коллеҷи низомии Хартумро хатм кардааст. Аз соли 1925 дар хизмати харбӣ. Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар ҳайати нерӯҳои Бритониё дар амалиёти ҷангӣ дар Либия ва Эфиопия ширкат кардааст. Дар соли 1956 ӯ дар рутбаи генерал-майор фармондеҳи артиши Судон таъин шуд, аз соли 1957 - генерал- лейтенант.

Дар соли 1958 Аббуд ба табаддулоти низомӣ сарварӣ кард ва ҳукуматро сарнагун кард . Шӯрои олии қувваҳои мусаллаҳ, ки мақомоти олии ҳокимияти давлатии кишвар эълон шуда буд, вазифаҳои президенти Судон, раиси Шӯрои Олӣ, сарвазир, вазири мудофиа ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳро ба Аббуд супурд. ва ба ӯ рутбаи маршал дод. Дар моҳи октябри соли 1964 ҳаракати васеи халкӣ ба амал омад, ки он дар моҳи ноябри соли 1964 ба сарнагун кардани диктатураи Аббуд оварда расонд.

Иброҳим Аббуд 8 сентябри соли 1983 дар ш. Хартум вафот кардааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Африқо: Китоби маълумотномаи энсиклопедӣ. Ҷ.1. Москва, «Энциклопедияи советӣ». 1986. 672с. саҳ. 210.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Munzinger Personen (нем.)
  2. 2.0 2.1 Аббуд Ибрахим // Африка: энциклопедический справочник (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 1986. — Т. 1. — С. 210.