Jump to content

Байрут

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Байрут
بيروت
Парчам Нишон
Парчам Нишон
33°53′13″ с. ш. 35°30′47″ в. д.HGЯO
Кишвар Лубнон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ 1500 то м.
Масоҳат
  • 20 км²
Баландии марказ 0 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 421 354 тан (2023)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 01

beirut.gov.lb
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Байрут дар харитаи
Байрут
Байрут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Байрут, Бейрут (ар. بيروت‎ Bayrūt, сурёнӣ ܒܝܪܘܬ, арманӣ. Պէյրութ / Բեյրութ Beyrut, юн. Βηρυττός Bērytós, лот. Berytus, ибрӣ: ביירות Beirut, ором. בירות Birot, фр. Beyrouth) — пойтахт ва калонтари шаҳри Лубнон.

Байрут дар соҳили шарқии Баҳри Миёназамин, дар доманаи кӯҳҳои Лубнон ҷойгир аст. Аҳолиаш бо маҳалҳои атрофаш 2 млн нафар (2010). Маркази р. о., фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Байрут маркази калони нақлиётӣ буда, бандари баҳриаш минтақаи савдои озод аст ва тиҷорати транзитии мамлакатҳои Шарқи Наздику Миёна ва Аврупо аз он интиқол мегардад.

Байрут (номи қадимиаш Берит, Берута) аз ҳазорсолаи 2 то м. маълум аст. Аз садаи 4 маркази бузурги савдо ва ҳунармандии минтақа. Аз охири садаи I то м. Мустамликаи Юнон. Дар миёнаҳои садаи VI аз заминҷунбии сахт хароб гардид. Соли 635 дар ҳайати Хилофати Араб буда, соли 1110 аз тарафи салибдорон муҳосира гардид ва ба ҳайати Империяи Лотинӣ дохил шуд. Соли 1291 Байрутро мамлукҳо ва соли 1516 Империяи Усмонӣ ғасб карданд. Солҳои 1772 ва 1773 ҳангоми ҷанги русҳо бо туркҳо (1768-74) аз тарафи флоти рус муҳосира гардид. Соли 1918 онро қувваҳои ҳарбии Антанта ишғол карданд. Соли 1920 пойтахти давлати Лубнони Кабир (аз соли 1926 Ҷумҳурии Лубнон) зери мандати Фаронса ва аз соли 1941 — пойтахти давлати мустақили Лубнон. Солҳои 1952-75 ба маркази калони молиявию тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии Баҳримиёназамини Шарқӣ табдил ёфт. Байрут, ки зеботарин шаҳри мамолики араб ҳисоб меёфт ва онро «Мадинату-л- қудс» (шаҳри муқаддас) меномиданд, дар рафти ҷанги гражданӣ дар Лубнон (1975-90) хароб гардид. Баъдан дар услуби «усмонию фаронсавӣ» чун шаҳри замонавӣ қомат афрохт. Низоъҳои мазҳабии аввали солҳои 70 садаи 20 боиси тақсимшавии Байрут ба бахшҳои шарқӣ — христианӣ ва ғарбӣ — мусулмонӣ гардид.

Дар Байрут саноати коркарди филиззот, нассоҷӣ, шоҳибофӣ, чармгарӣ тараққӣ кардааст. Ба хориҷа меваҳои ситрусӣ, себ, равғани зайтун, абрешим, пашм содир мекунад.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Байрут Донишгоҳи давлатии Лубнон, донишгоҳҳои Амрико (1866) ва араб (1960) мавҷуданд. Дар Байрути куҳна Масҷиди ҷомеи Умар (1291 аз дайри Юҳаннои Таъмидӣ ба масҷид табдил дода шуд), "Масҷиди дарборӣ " (Боб-ус-сарой, аввали садаи 16), Қасри Калон (1853) маҳфуз мондааст. Осорхонаи бостоншиносӣ(археологӣ) ва Сурсок (санъати асримиёнагӣ ва муосири Лубнон) дорад.