Испанд
Испанд | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Peganum.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Peganum harmala L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
|
Испанд, сипанд, испандона ҳазориспанд (лот. Peganum harmala) — рустании бисёрсолаи алафии мансуби ласфиҳо.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тиррешаи дароз (то 2 м), ғафс (то 10 см), пояи рости шохронда (баландиаш 20-80 см) гули 5-гулбаргаи зард, сафед (1-3 тои дар нуги поя нумуёнбанда) ғӯзаи сертухм (дар як бех то 120 ҳазор дона), тухми қаҳвагӣ ё буртоби ашхабӣ (вазни 1000-тоаш 2.5-3 г) дорад. Май-август гулу мева мекунад. Асосан дар шурзамин, гилхок, санглоху регзор, канори сой, заминҳои партову бекора, канори чоҳҳои чарогоҳӣ биёбон, чарогоҳҳо ва баъзан чун алафи бегона дар киштзор ва ғайра мерӯяд.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Испанд аз даври қадим ҳамчун рустаниҳои дорувории машҳур маълум буд. Дар китоби қадимаи форсу тоҷик «Авесто» (асри XII—V пеш аз милод) ҳамчун рустание, ки барои ором кардани системаи асаб ва ҳамчун моддаи барои хушбӯй кардан, яъне бӯи бадро нест кардан истифода бурда мешуд. Бо испанд беморҳоро ва мурдаҳоро дуд карда муолиҷа мекарданд.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Олимони юнонӣ Диоскорид испандро ҳамчун даруворӣ барои табобати сустбинии чашмҳо истифода мебурд. Ибни Сино дар китоби худ «Алқонун» испандро ҳамчун доруворӣ барои табобати дарди узвҳо ва буғумҳо пешниҳод мекард.
Барои дорусозӣ испандро дар вақти гулканданаш мечинанд, барои ин қисмҳои болоии рустаниро бо достҳо бурида, дар болохонаҳо ё ки дар таги соябонҳо бо қабатҳои 7-10 см дар болои қоғаз ё латта хушк мекунанд. Аз алафи испанд ва тухмаш моддаҳои алкалоидро (пегамин ва гармин) -ро ҷудо карда мегиранд.
Санҷишҳои дорушиносӣ нишон доданд, ки обҷӯши (настой) 1 % ва 10 % аз алафи испанд тайёр кардагӣ зидди стафилакок муборизаи фаъолона бурда метавонад ва дар об ҷӯшонида 1 % ва 0,25 % алафи испанд хусусияти сахти зидди микробиро дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчшма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сатторов Ҷ. С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Душанбе, 2007