Jump to content

Исҳоқхони Ибрат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исҳоқхони Ибрат
Таърихи таваллуд: 1862[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1937[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир
Забони осор: ӯзбекӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Исҳоқхони Тӯрақӯрғонӣ, машҳур ба Исҳоқхони Ибрат (1862, деҳаи Тӯрақӯрғони вилояти Намангон ‒ 1937, Андиҷон) — хаттот ва нависандаи тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсилоти ибтидоиро дар назди модари худ ва мадрасаи деҳааш гирифтааст. Баъдан ба Хӯқанд рафта (1878), мадрасаро хатм кард (1886). Бо хатшиносиву хушнависӣ ва санъати китобат машғул шуда, асарҳои бисёрро китобат кардааст. Бо номҳои «Ҷомеъу-л-хутут» (1912) ва «Манзума» (1909) асар таълиф намудааст. Дар «Ҷомеъу-л-хутут» роҷеъ ба таърихи хушнависӣ, навъҳои гуногуни хатти арабӣ (сулс, тавқеъ, райҳон, зулф, ҳумоюн, турра), инчунин дар бораи ихтироъкор ва устоди хатти настаълиқ Миралии Табрезӣ маълумот додааст. Исҳоқхони Ибрат ба чандин шаҳри Осиёи Марказӣ ва Аврупо, кишварҳои арабӣ, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Булғористон, Юнон, Италия ва ғ. сафар карда, дар ҷараёни он забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ, урду, юнонӣ, англисӣ, русиро ба таври комил омӯхтааст. Асарҳои «Таърихи Фарғона» (1916, таҳти рақами 11616), «Таърихи маданият» (1926, таҳти рақами 1616), «Аҷоибу-л-махлуқот» (таҳти рақами 1818), ки Исҳоқхони Ибрат китобат кардааст, ҳоло дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Узбекистон маҳфузанд.

  1. 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.