Меҳмон Бахтӣ
Меҳмон Бахтӣ | |
Таърихи таваллуд: | 25 март 1941 |
Зодгоҳ: | деҳаи Шулеи ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 19 май 2022 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт: | шаҳри Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир ва дромнависи тоҷик |
Солҳои эҷод: | 1964 — 2022 |
Жанр: | шеър, ҳикоя, қисса. |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Аввалин қадам: | аз соли 1963 |
Ҷоизаҳо: |
Меҳмон Бахтӣ (25 март 1945, Шуле, НТҶ — 20 май 2022, Душанбе) — нависанда, шоир ва дромнависи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972). Нависандаи халқии Тоҷикистон. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998).[1][2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1941 дар деҳаи Шулеи ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) касби камол намудааст. Дар давоми солҳои гуногун мудири бахши адабӣ-драмавии Телевизиони ҷумҳурӣ, ҷонишини сармуҳаррири «Тоҷиктелефилм», сармуҳаррири шуъбаҳои адабию драмавӣ ва ҷавонони Телевизиони тоҷик, мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мудири Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода, раиси Шӯрои кор бо навқаламон, раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон ва мудири бахши тарҷума ва нашри Маҷлиси Олии ҶТ буда, аз июли соли 2007 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси бахши Тоҷикистонии Диалоги «Евро-Осиё»-ст. Аз соли 1995 то 2000 вакили мардумии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум аз ҳавзаи интихобии 35-уми ноҳияи Ғарм ва ҳамзамон раиси комиссия оид ба этикаи депутатӣ ва имтиёзҳои депутатӣ буда, соли 2005 узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад. Соли 1999 сардори шуъбаи ташвиқоти адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин мешавад. Баъд аз он, солҳои 2004 ва 2009, ду бор ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст.[3][4]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ибтидои солҳои 60-и асри XX эҷод мекунад. Муаллифи филмномаҳои мустанади «Корвони дӯстӣ» (1968), «Нуқра Раҳматова месарояд» (1970), асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Дар олами адаб», «Беғараз панд», «Майдон аз далер аст» ва ғ. мебошад. Намоишномаҳои якпардагии ӯ «Шаҳидони роҳи озодӣ» ва «Бародарон» аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Драмаи машҳури бисёрпардаи «Лаҳзаи ҷовид» (1967) ва «Ташнаи дидор» (1969)-ро Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Камоли Хуҷандӣ борҳо саҳнагузорӣ кардаанд.«Ташнаи дидор» нахустин асарест дар мавзӯи доғи солҳои сиюм дар адабиёти ҳозираи тоҷик. Песаҳои «Ошёни баланд»-и Меҳмон Бахтӣ аз ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода ва «Лаҳзаи ҷовид» аз ҳаёти аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ҳикоят мекунанд. Намоишномаи «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» соли 1972 эҷод шуда, дар Озмуни умумииттифоқии ҳамҷояи Иттифоқи нависандагону Вазорати фарҳанги шӯравӣ (1977) сазовори мукофот гардидааст. Аз тариқи телевизиони марказии Тошканд низ соли 1982 намоиш дода шудааст. Намоишномаи «Роҳзан ва кӯзагар» (1974) дар саҳнаҳои театру телевизиони Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия намоиш дода шудааст. Соли 1963 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи пйесаҳояшро таҳти унвони «Минута вечности», соли 1990 маҷмӯаи қиссаҳояшро бо номи «Слёзы радости и печали» ба забони русӣ аз чоп баровардааст. Дар давоми даҳсолаи ахир намоишномаҳои таърихии «Фирдавсӣ», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ва «Тилисми Сайҳун» («Нангбардори Хуҷанд»)-ро ба арсаи эҷод овардааст. «Фирдавсӣ» ва «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Гран-При (Шоҳҷоиза) гардидаанд. Ҳамчунин, «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, «Нангбардори Хуҷанд» дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст. Соли 2014 «Фирдавсӣ» дар Афғонистон ва ҳам дар театри ш.Кӯлоб ба саҳна гузошта шуд. Соли 1997 нашрияи «Сурӯш» (Теҳрон) намоишномаи «Фирдавсӣ»-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 «Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст. Асарҳои «Сабзпарии Душанбе», «Доғе аз зоғе», «Зуҳра – сайёраи ишқ», «Тангкӯча» дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.[3]
Муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), кутуби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Рӯҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.
Повести «Хубон» (1982) дар мачаллаи бонуфузи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ «Дружба народов» чоп шуда, баъдан, бо пешниҳоди маҷалла, сазовори Мукофоти ба номи Николай Островский гардидааст. Ҳамчунин, соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» таҳти силсилаи «Илҳом» аз чоп баромада ба унвони «Китоби сол» сазовор гаштааст ва ба сифати китоби алоҳида дар Туркия, Гурҷистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба табъ расидааст.[3][4]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1986 сазовори Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 шарафёби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 соҳиби унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 сазовори медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевский гардидааст. Бо ордени «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва се медал мукофотонида шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Интихоби дубораи Меҳмон Бахтӣ ба раёсати ИН
- ↑ Меҳмон Бахтӣ. 26 июни 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2013.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Меҳмон Бахтӣ(тоҷ.). www.navisandagan.tj. 4 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 368
- Зодагони 25 март
- Зодагони соли 1941
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Рашт
- Даргузаштагони 19 май
- Даргузаштагони соли 2022
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 1945
- Даргузаштагони 20 май
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Намоишноманависон аз рӯи алифбо
- Адибони Тоҷикистон
- Шоирони тоҷик
- Намоишноманависони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Маҷлиси Намояндагони МО Тоҷикистон даъвати IV
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V