Йонас Стаугайтис
литвонӣ: Jonas Staugaitis | |||||||
![]() | |||||||
|
|||||||
Президент | Казис Гринюс | ||||||
Ҷонишин | Стулгинскис, Александрас | ||||||
|
|||||||
Пешгузашта | Казис Гринюс | ||||||
Ҷонишин | Стулгинскис, Александрас | ||||||
|
|||||||
Таваллуд |
20 май 1868 |
||||||
Даргузашт |
18 январ 1952 (83 сол) |
||||||
Мадфан | |||||||
Ҳизб | |||||||
Таҳсилот | |||||||
![]() |

Йонас Стаугайтис (литвонӣ: Jonas Staugaitis, 20 майи 1868, Оментшкяйи назди Вилкавишкис — 18 январи 1952, Каунас) —сиёсатмадори литвонӣ.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Йонас Стайгаитис гимназияи Мариамполе ва Донишгоҳи Варшаваро хатм кардааст (1887-1893), ки дар он ҷо маълумоти тиббӣ гирифтааст. Баъдтар ӯ дар шаҳри Чакай ба ҳайси табиб кор мекард ва ба корҳои ҷамъиятӣ машғул буд.
Дар соли 1919 пас аз эълони истиқлоли Литва, ӯ ба Каунас кӯчид, сардори шуъбаи тиббии Вазорати тандурустӣ таъйин шуд. Солҳои 1920—1926 — директори беморхона, солҳои 1922—1940 сармуҳаррири маҷаллаи ”Medicina”
Дар соли 1920 Стаугаитис аз Иттифоқи Деҳқонони Литва ба Сейми Литва интихоб шуд. Дар солҳои 1920—1922 ёвари раиси фраксияи ҳизб, 2 июни 1926 раиси Сейм интихоб шуд.
Табаддулоти низомӣ дар Литва (1926)[вироиш | вироиши манбаъ]
Пас аз истеъфои президент Казис Гринюс 17 декабри 1926, ҳангоми табаддулот таҳти сарварии Антанас Сметона, тибқи конститутсия, ӯ иҷрокунандаи вазифаи президент шуд, рӯзи дигар истеъфо дод ва ваколатҳои худро ба Александрас Стулгинскис дод ва ба фаъолияти илмӣ баргашт.
Бо таъсиси низоми коммунистӣ, ба ӯ репрессия таъсир нарасонд.
Солҳои 1945-1949 дар Осорхонаи гигиена кор мекард, узви Шӯрои тиббии РСС Литва буд.
Солҳои 1949-1951 — духтури стансияи санитарию эпидемиологӣ, мудири хонаи таълимии тандурустӣ дар Каунас.
Ӯро дар қабристони Петрашуни Каунас ба хок супурданд.
Хотира[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар хонаи А.Митскевич дар Каунас, ки солҳои 1927-1952 Й.Стаугаитис зиндагӣ мекард, лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Биография на сайте СеймаБойгонӣ шудааст 27 феврали 2012 сол.