Кабкрез
Деҳаи Кабкрез | |
---|---|
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 1467 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 187 |
Кабкрез — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1467 нафар (2010), тоҷикон. Аз 187 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, китобхона, чойхонаи ҷамъиятӣ, 13 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми муқимии деҳа аслан дигар мавзеъҳои аҳолинишин қисмҳои болатари деҳа кучонида шудаанд. Деҳа ба ду қисм ҷудо мешавад. Кабкрези боло ва поён.
Таърих ва ё устура
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳар сол охирҳои моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр аз болои ин мавзеъ селаи кабкҳо парвоз мекунанд. Аз рӯи нақли аҳолии маҳаллӣ дар Кабкрез ба кабкҳо дуои ким кадом як пайғамбаре рафтаасту аз ин сабаб онҳо ба ин маҳалла омада, дигар парвоз карда наметавониста бошанд. Аммо шарҳи аниқи ин чунин аст: Азбаски ду тарафи ин маҳалларо кӯҳҳо иҳота кардаанд ва сатҳи он ҳамвории калон аст, барои кабкҳо, ки аз роҳи ниҳоят дур парвоз карда меоянд ва гузаштан аз он душвор мебошад, нишаста дам гирифтан қулай меафтад. Аз ҳамин сабаб деҳа номи Кабкрезро гирифтааст.
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Нимпайкараии ҳофизи шинохта Дӯстмурод Алӣ дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.