Jump to content

Кабут Вазиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кабут Вазиров
Кабут Вазирович Вазиров
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1938(1938-11-15)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 13 июл 2019(2019-07-13) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ геология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Кабут Вазирович Вазиров (тав. 15.11.1938, ноҳияи Ванҷ — ваф. 13.07.2019, ш. Душанбе) — муҳандис- геологи тоҷик, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), дотсент (1981), профессор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1999), узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисӣ. (2003).«Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1956–1961 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1961– 1962 лаборанти донишгоҳи мазкур буд. Солҳои 1962–1998 ҳамчун муаллим, муаллими калон ва дотсент дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Дар аспирантураи Институти геологияи АИ Тоҷикистон таҳсил намуда, солҳои 1967–1989 ходими калони илмии институти мазкур буд. Солҳои 1989–1998 ҳамчун дотсенти кафедраи муҳофизати табиат ва геоэкология, 1998–2002 мудири кафедраи географияи табиӣ, 2002–2004 мудири кафедраи муҳофизати табиат ва геоэкологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 2004 то ба имрӯз дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 400 мақолаҳои илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ ва 3 монография мебошад. Дар асару мақолаҳояш оид ба сангҳои қиматбаҳо ва дигар ҷанбаҳои геологияи тоҷик тадқиқот бурдааст. Ба омӯзиши геология ва маъданҳои сурма, симоб ва тилои водии Зарафшон машғул аст. Дар конференсияҳои мухталифи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) сарфароз карда шудааст.

  • Ртутно-сурьмяно-золоторудная формация ЦТ и её промышленное значение. - Д., 1992;
  • Минералогия ва петрография бо унсурҳои кристаллография (китоби дарсӣ). - Д., 1998;
  • Геология ва сарватҳои табиии ноҳияи Ванҷ (китоби дарсӣ). - Д., 2003;
  • Геология ва палеонтология бо унсурҳои геологияи таърихӣ (китоби дарсӣ). - Д., 2003;
  • Заминларза ва муҳити зист. - Д., 2003;
  • Кӯҳистони Зарафшон. - Д., 2009.