Jump to content

Канзу-с-соликин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Канзу-с-соликин», «Зоду-л-орифин» (ар. کنز السالکین‎) — рисолае дар ирфону тасаввуф аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.

Сохтори китоб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Канзу-с-соликин аз 6 боб иборат аст: боби аввал «Дар мақомоти ақлу ишқ», ки бо ситоиши Офраидгори ақлу ишқ оғоз мешавад; боби дуввум «Дар мунозараи шабу рӯз»; боби савум «Дар баёни қазову қадар» буда, муҳимтарин мавзӯи ин боб дар иноят ва тавфиқи азалӣ дар ҳидоят ва зилолат аст; боби чаҳорум «Дар инояти Раҳмон бо инсон»; боби панҷум «Дар ҳаққи дарвешони маҷозӣ ва ҳақиқӣ», ки баъди зикри сифоти дарвешони ҳақиқӣ зикри дарвешони маҷозӣ омадааст, то тафовути онҳо ошкор шавад ва боби шашум «Дар ғурури ҷавонӣ ва тирамоҳи пирӣ». Ин боб бо авсофи зебоии баҳору хазон ҳамроҳ аст ва ёдоварии таҷрибаҳои фаровони Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар вазъу тадрис аст.

Шеваи баён ва саҷъороӣ ба таносуби муҳтавои бобҳо аз танаввуъи хоссе бархӯрдор аст ва иқтибос аз оёту аҳодис чи дар аркони саҷъ ва чи ба гунаҳои истишҳоду истинод ва таъкид дар ин рисола беш аз ҳар асари форсии дигари Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ба чашм мехӯрад. Канзу-с-соликин ба ғайр аз арзиши баланди ирфонӣ доштан, инчунин аз арзиши адабӣ низ бархӯрдор аст. Истифодаи шеър дар наср корбурди густурда дорад ва аз анвои қолабҳои шеърӣ (зиёдтар рубоӣ ва ғазал) дар бобҳои шашгонаи он истифода шудааст. Дар бораи тақаддум ва тааххури ин абвоб байни пажӯҳишгарон ихтилофи назар аст. Дар бархе манобеъ ин рисола дар панҷ боб оварда шудааст ва онро ба номи «Канзу-с-солиҳин» ҳам хондаанд. Канзу-с-соликин дар «Маҷмӯаи расоили Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ» дар соли 1319 хуршедӣ ба эҳтимоми Султонҳусайн Тобандаи Гунободӣ дар Теҳрон ба чоп расида, ҳамчунин дар соли 1372 хуршедӣ ба эҳтимоми Муҳаммад сарвари Мавлоӣ дубора чоп шудааст.