Канъон (писари Ҳом)
Падар | Ham[d][1] |
---|---|
Фарзанд | Zidon[d] ва Heth[d] |
Канъон (ибрӣ: כְּנַעַן ‒ ҳалим, бурдбор; ар. کنعان), Йом — писари Ҳом, набераи Нӯҳ (а), ҷадди аълои Канъониён.
Дар Китоби Муқаддас аз Канъон бисёр ном бурда шудааст (Ҳастӣ 9: 21‒25; 9,10:6, 15‒19, 26‒27). Дар мавриде ӯ дар шумори писарони Ҳом мазкур аст: «Писарони Ҳом: Куш, Миср, Фут ва Канъон» (Ҳастӣ 9, 10:6). Бино ба маълумоти ривоёти Аҳди Қадим, ҳазрати Нӯҳ (а) Ҳомро лаънат гуфт ва ин нафрини ӯ домангири Канъон низ шуд (Ҳастӣ 9: 20‒27). Дар ривоёте Канъонро писари Нӯҳ (а) ё номи писари Сом ибни Нӯҳ ном бурдаанд. Бархе ривоёт низ ӯро писари Кӯш ва падари Намруд донистаанд. Канъон ду писар дошт: Сидун ва Ҳит (Ҳастӣ 9, 10:1‒32). Баъд аз он қабилаҳои канъонӣ густариш ёфтанд. (Ҳастӣ 9, 10:15‒19).
Бар пояи ривоёти исломӣ, Нӯҳ (а) чаҳор писар дошт: Сом, Ҳом, Ёфис ва Канъон. Дар Қуръон (11:40‒47) ба достони писари Нӯҳ (а) ишора шудааст, ки тибқи он, вай ба нубуввати падар имон наовард ва ҳамроҳи кофирон гирифтори азоби илоҳӣ гардид. Пеш аз нузули ин азоб, Нӯҳ (а) писарашро даъват кард, то дар киштӣ савор шавад, аммо ӯ напазируфта, мегӯяд, ки болои кӯҳе меравам, то аз тӯфон дар амон бошам. Нӯҳ (а) бори дигар писарро барои ба киштӣ савор шудан даъват кард, вале боз ҳам ӯ ба мавъизаҳои падар гӯш надод ва ниҳоят дар тӯфон ғарқ шуд. Дар ҷузъиёти ин достон миёни муфассирон ихтилоф аст. Аксари муфассирон муътақиданд, ки ӯ писари воқеии Нӯҳ (а) буд. Нӯҳ (а) аз куфри ин писари худ огоҳ набуд ва ба ҳамин далел, ӯро даъват кард, то дар киштӣ савор шавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 6 // Genesis, בְּרֵאשִׁית, Första Moseboken(ибр.-тавр.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Канъон / С. Наимӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- Китоби Муқаддас Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид. Стокгольм, 1999;
- دیوبندی محمد شفیع عثمانی. معارف القران. جلد ٧. تربت جام، ١٣٨١ ش.؛
- صابونی محمد علی. صفوة التفاسیر (ترجمۀ فارسی). جلد ٢. تهران، ١٣٨٢ ش.؛
- محلی جلال الدین و سیوطی جلال الدین. تفسیر جلالین (ترجمۀ فارسی) جلد ٣. تهران، ۱۳۸۵ ش.؛
- دانشنامۀ دانشگستر. جلد ١٣. تهران، ١٣٨٩ ش