Караматулло Қаландаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Караматулло Қаландаров
Караматулло Қаландаров
Санаи таваллуд:

22 август 1938(1938-08-22) (81 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Роғун, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Караматулло Қаландаров (тав. 22.08.1938, деҳаи Ғошиёни ноҳияи Роғун), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1972).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1957– 1962 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1962–1963 муаллими мактаби миёнаи ба номи Н. Хусрави ноҳияи Файзобод, 1963–1966 аспиранти донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1966– 1971 муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1971–1980 декани факултети педагогикаи Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб буд. Солҳои 1980–1982, 1987–1998 вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраевро ба ӯҳда дошт. Оид ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар забони адабии тоҷик дар асрҳои XV-XVI дар асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ кори илмӣ бурдааст. Дар давоми фаъолияти илмиву омӯзгорияш зиёда аз 25 мақолаҳои илмию методӣ нашр намудааст. Осор.: Корҳои амалӣ аз забон, Д., 1993.

Пайвандҳои беруна[вироиш]