Пӯсидагии дандон
Пӯсидагии дандон | |
---|---|
Ихтисос | Дандонпизишкӣ |
| |
МКБ-10 | K02. |
МКБ-9 | 521.0 |
DiseasesDB | 29357 |
MedlinePlus | 001055 |
eMedicine | / |
MeSH | D003731 |
Пӯсиш́и дандо́н, ка́риес (лот. caries — пӯсиш) — бемориест, ки дар натиҷаи муттасил вайрон шудани бофтаҳои сахти дандон (сир, девтин, семент) ба вуҷуд меояд. Сабабҳои кариеси дандон гуногун буда, комилан аниқ нашудаанд.
Мувофиқи назарияи химиявию паразитари Кариеси дандон дар натиҷаи ҳал (вайрон) шудани қисми минералии дандон аз таъсири кислотаҳое, ки ҳангоми таъҷзияи карбогидрати хӯрок дар ковокии даҳон ҳосил мешаванд, ба вуҷуд меояд. Минбаъд аз таъсири микробҳо қисми органикии дандон низ вайрон мешавад. Кариеси дандон бе иштироки микробҳо ҳам пайдо шуда метавонад (масалан, дар вақти ихтилоли мубодилаи модда дар бофтаҳои дандон). Пайдоиши кариеси дандон ба истеъмоли анвои хӯрок низ вобаста аст. Масалан, дар маҳалҳое, ки обашон миқдори ками фтор доранд, Кариеси дандон бисёртар мушоҳида мешавад. Хусусияти ферментативии ҳар як организми ҷудогона, бемориҳо, низоми хӯроки модар дар вақти ҳомиладори, рахит ва ғайраҳо ҳам боиси пайдоиши Кариеси дандон мешаванд. Аз кариес асосан дандонҳои ҷоғи боло, хусусан дандонҳои ширин 5-ум ва курсии 1-ум осеб мебинанд. Кариес одатан дар рӯи дандон, дар он ҷое, ки дандонҳо ба ҳам расида меистанд, ба вуҷуд меояд. Дар ҷои кариес аввал сири дандон суда мешавад. Баъд иллат ба дентин гузашта, ба атроф ва дарунтари дандон паҳн мегардад. Ҷои суда шудаи сири дандон шахшул шуда, ҳангоми истеъмолн таоми ширину турш ва гарму хунук дандон дард мекунад. Пулпит, газаки дандон ва ғайраҳо боди Кариеси дандон мебошанд.
Тасниф
[вироиш | вироиши манбаъ]Кариес ба 4 қисм ҷудо мешаванд:
- Доғ дар эмали дандон
- Кариеси рӯягӣ
- Кариеси миёна
- Кариеси чуқур
Муолиҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Дентини нармшударо бо роҳи ҷарроҳӣ дур намуда, пломба кардани дандони иллатнок.
Пешгирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мубодилаи мӯътадили моддаҳо ва истеъмоли бонизоми хӯрок; бо намакҳои зарурӣ (намакҳои калсий, фосфор), витаминҳо (витаминҳои Д, В, Bi) таъмин намудани организм; риоя кардани гигиенаи дандон ва ковокии даҳон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |