Jump to content

Карим Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карим Аҳмадов
Аҳмадов Карим Юсуфович
Таърихи таваллуд 1917(1917)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 2009(2009)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тошканд (1954)

Карим Аҳмадов (Аҳмадов Карим Юсуфович; 1917, Хуҷанд — 2009, Душанбе) — физиолог, доктори илмҳои тиб (1967), профессор (1968).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии тиббии Тошкандро хатм кардааст (1941). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941-45), духтури калони полкҳои савораи 267 ва 219-уми дивизияи кавалерии 104-уми Тоҷикистон, полки кавалерии гвардияи 56-уми дивизияи кавалерии гвардиявии 14-ум, майори хидмати тиббӣ. Дар муҳорибаҳо аз Сталинград то Элба ширкат дошт. Ассистент (1947-59), дотсент (1959-67) ва мудири кафедраи физиологияи эътидолии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1967-82). Солҳои 1953-57 вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 90 асару мақолаи илмӣ. Доир ба мавзӯи «Нафаскашӣ ва танзими он дар шароити гипоксияи баландкӯҳ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Аҳмадов солҳои дароз раиси Ҷамъияти физиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 4). Бо 8 орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • Дыхание человека при высокогорной гипоксии. Д., 1971.