Jump to content

Касб (фалсафа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Касб (ар. كسب‎ – ихтисос, шуғл, пеша, ҳунар, ҳирфа, талаби рӯзӣ) — мақулаи фалсафаи калом ба маънои анҷом додани коре; бо кӯшишу меҳнат ба даст овардани чизе.

Дар садри ислом касб ба маънои ихтиёр ва озодии инсон дар анҷом додани амале, баъдан ба мафҳуми алоҳидаи илмӣ – «касб» истифода шудааст. Мафҳуми касббори аввал аз ҷониби Ҳасани Басрӣ ҳамчун мафҳуми илмӣ матраҳ шуд. Дар ақидаи аҳли суннат баёни мафҳуми касб чунин аст: «Ҳама амалҳои инсон офаридаи Худо буда, касби онҳо аз ҷониби инсон аст». Мувофиқи ин назария амалҳои инсон аз ду дидгоҳ баррасӣ мешаванд. Яъне, дар амали инсон таъсири ду қудрат ба назар гирифта мешавад:

  • қудрати Худо, ки онро «офариниш» мегӯянд ва инсон дар ин офариниш ҳеч нақше надорад;
  • қудрати инсон, ки онро «касб» мегӯянд ва Худованд инсонро дар иҷрои он соҳибихтиёр ва озод гузоштааст.

Абӯҳанифа, Абӯмансури Мотуридӣ, Абулмуини Насафӣ, Аҳмади Таҳовӣ, Саъдуддини Тафтозонӣ ва дигарон бар ин таърифи касб мувофиқанд.

  • النسفي أبو المعين ابن محمد. تبصرة الأدلة في أصول الدين على طريقة الإمام أبي منصور الماتريدي. أنقره، ١٩٩٣؛
  • محمد أبو زهرة. تأريج المذاهب الإسلامية في السياسة والعقائد وتأريخ المذاهب الإسلامية. قاهرة، ١٩٩٦؛
  • التفتازاني سعدالدين. شرح العقائد النسفية. قاهرة، ٢٠٠٠؛
  • ماتريدى أبو منصور محمد ابن محمد ابن محمود. كتاب التوحيد. بيروت، ٢٠٠٧؛
  • جلالى سيد لطفالله. تأريخ و عقائد ماتريديه. قم، ١٣٩٠ ش.