Jump to content

Саъдуддини Тафтозонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъдуддини Тафтозонӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: адиб, файласуф, мутакаллим, фақеҳ, риёзидон
Таърихи таваллуд: 1 март 1322
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 январ 1390[2] (67 сол)
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ, ашъарӣ[2] ва мотуридӣ[d][2]
Самти фаъолият: илми калом[2], шеър, дастури забон, ҳандаса ва мантиқ
Устодон: Азудуддини Эҷӣ[2] ва Қутбуддини Розӣ[2]
Осор:
Вироиши Викидода

Саъдуддин Масъуд ибни Умар ибни Абдуллоҳ Ҳиравии Хуросонӣ (форсӣ: سعدالدین مسعود بن عمر بن عبداللّه هروی خراسانی‎), машҳур ба Тафтозонӣ (форсӣ: تفتازانی‎; 1 март 1322, Taftazan[d], Устони Хуросони шимолӣ[1]10 январ 1390[2], Самарқанд[2]) — фақеҳ, мутакаллим, мантиқдон ва адиби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шарҳи ҳол ва ҷараёни зиндагиаш пурра маълум нест. Тафтозонӣ то 16 солагӣ аксари илмҳои замонашро омӯхтааст. Қутбуддини Розӣ ва Аздуддини Эҷиро устодони Тафтозонӣ модонанд. Тафтозонӣ дар мадрасаҳои Сарахс, Ғиғдувон ва Ҳирот дарс гуфта, зимнан ба корҳои илмӣ машғул шудааст. Баъди хамчун мударрис ва олим шӯҳрат ёфтанаш агар Темур ӯро ба Самарқанд даъват намуд. Самараи фаъолияти илмии Тафтозонӣ дар муҳити илмию мадании Самарқанд афзуд. Тафтозонӣ дар Самарқаяд қариб 18 сол зиста, аксари асарҳояшро ҳамон ҷо таълиф кардааст.

Асарҳои Тафтозонӣ ба ҳалли масъалаҳои фалсафа, мантиқ, сарфу наҳв ва илми баён оиданд. Ба кавле миқдори асарҳои Тафтозонӣ 13-то («Қомусу-л-аълом») ё 16-то («Доирату-л-маорифу-л-исломия») будааст, ки машҳуртаринашон «Таҳзибу-л-мантиқ ал-калом», «Ас-саъдия», «Ал-иршоду-л-ҳодӣ», «Ал-мухтасару-л-маъонӣ», «Ал-мутаввал» мебошад. Ба якчанд асарҳои пешгузаштагонаш шарҳ низ навиштааст[3].

Тафтозонӣ файласуфи мутакаллим буд аз ин рӯ, тамоюли асосии асари ӯ «Таҳзиби-л-мантиқ ва-л-калом» ба танқиди фалсафаи машшоия ва ҳимояи калом нигароннда шудааст. Тафтозонӣ масъалаи асосии Фалсафаро аз мавқеи идеализми объективӣ ҳал менамояд, Ба қавли ӯ вуҷуди мутлақ (воҷибулвуҷуд) новобаста ва мустақилона вуҷуд дорад ва тавассути робитаи сабабӣ чиаҳои дигар (мумкинулвуҷуд)-фо ба миён меорад[3].

Дар таълимоти фалсафии Тафтозонӣ масъалаҳои ҳудусу қидам, замону макон, сабабу натиҷа, тифияту каммият, ҳаракату сукун, қадр ва озодии ирода, хайру шарр, назарияи маърифат, ҳадду расм, қиёсу қазия, ҳукму натиҷа, тасаввуру тасдиқ ва амсоли он машриди таҳқиқ қарор гирифтаанд[3].

Тафтозонӣ дар таърихи фалсафаи фарсу тоҷик, пеш аз ҳама, чун мантиқшинос шуҳрат дорад. Бино ба маълумоти А. М. Баҳоваддинов Тафтозонӣ бо асарҳои мантиқиаш мактаби фалсафии худро бунёд кардааст[3].

Асарҳои Тафтозонӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии мутафакашрон ва ҷараёни мибаъдаи такомули афкори фалсафии форсу тоҷик нақша муайян доштааст. Асарҳои Тафтозонӣ дар китобхонаҳои Душанбе, Тошканд, Эрон, Бейрут, Ҳиндустон, Қоҳира, Кембриҷ маҳфузанд[3].

  1. 1.0 1.1 арабская Википедия — 2003.
  2. 2.00 2.01 2.02 2.03 2.04 2.05 2.06 2.07 2.08 2.09 Новая философская энциклопедия (рус.) — 2010.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 Тафтозонӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).