Jump to content

Франс Кафка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кафка Франс)
Франс Кафка
олмонӣ: Franz Kafka
Ном ба ҳангоми таваллуд: олмонӣ: Franz Kafka
Таърихи таваллуд: 3 июл 1883(1883-07-03)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 3 июн 1924(1924-06-03)[4][5][3][…] (40 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: румоннавис, fabulist, қиссанавис, aphorist, ҳаррӯзноманавис, тарҷумон, вакил, филмноманавис, шоири вакил, claims adjuster, насрнавис, нависанда
Солҳои эҷод: аз 1904
Жанр: modernism[d], Беллетристика, қисса[d], pritcha[d] ва flash fiction[d]
Забони осор: олмонӣ[3][7][8] ва чехӣ
Имзо: имзо
franzkafka.de(олмонӣ)
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Франс Кафка (олмонӣ: Franz Kafka; 3 июли соли 1883, Прага, Австро-Венгрия — 3 июни соли 1924, Клостернойбург, Ҷумҳурии Нахустини Австрия) — нависандаи олмонизабон, файласуф, яке аз намояндагони шинохтаи адабиёти қарни бистум. Қисмати асосии осори Кафка баъди маргаш нашр шудааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кафка дар як хонаводаи олмонизабони яҳудь дар Праҳа зода шуд. Дар он замон Праҳа маркази минтақаи Буҳим буд. Ин минтақа яке аз сарзаминҳои мутааллиқ ба императории Утриш-Маҷористон буд. Ӯ фарзанди бузурги хонавода буд, ки ду бародар ва се хоҳари кӯчактар аз худ дошт. Ҳар ду бародар пеш аз шашсолагӣ мурданд ва се хоҳари ӯ баъдҳо дар ҷараёни Ҷанг ҷаҳонии дувум дар урдугоҳҳои марги нозиҳо (олмониҳои фашист) ҷон бохтанд.

Падараш бозаргони яҳудӣ ва модараш зане мутаъассиб буд. Рафтори мустабидона ва ҷоҳталабонаи падар, чунон муҳити тарсноке дар хонавода ба вуҷуд оварда буд, ки чашмандози кӯдаке Кафкаро сояи мамлув аз тарс иҳота карда буд, ба гунае ки тасвири ин кобӯс ҳаргиз дар саросари зиндагии ӯ фаромӯш ва дӯр нашуд. Шояд ҳамин нафрат аз зиндагӣ дар канори падари сангдил мӯҷиб гардид, то Кафкаи навҷавон ибтидо ба мазҳаб паноҳ барад.

Кафка олмониро ба унвони забони нахуст омӯхт. Аммо забони чикиро низ камубеш ва бидуни нақс суҳбат мекард. Ҳамчунин, бо забон ва фарҳанги Фаронса низ ошноӣ дошт. Яке аз романнависони маҳбубаш Густав Флубер буд. Омӯзиши яҳудии ӯ ба анҷоми ҷашни таклиф дар сездаҳсолагӣ ва чаҳор бор дар сол ба каниса (куништ) рафтан ба ҳамроҳи падараш маҳдуд буд.

Сабки нигориш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Какфка, ки дар Прага ба дунё омада буд, забон чикиро хуб медонист, вале барои навиштан забони олмонии Праҳа (prager deutsch) гӯиши мавриди истифодаи ақаллиятҳои олмонии яҳудӣ ва масеҳӣ дар пойтахти Буҳмиро интихоб кард. Ба назари Кафка олмонӣ Праҳа «Ҳақиқитар» аз забони олмонии роиҷ дар Олмон буд ва ӯ тавонист дар корҳояш ба гунае аз он баҳра бигирад, ки пешу пас аз ӯ касе натавонист.


Бо навиштан ба олмонӣ Кафка тавонист ҷумлаҳои баланд ва тудартуии бинависад, ки саросари сафҳаро ишғол мекарданд. Ҷумалоти Кафка бештар пеш аз нуқтаи поёнӣ, зарбае барои хонанда дар чанта доранд, зарбае, ки мафҳум ва манзури ҷумларо такмил мекунад. Хонанда дар вожаи пеш аз нуқтаи поёни ҷумла дармеёбад, ки чӣ иттифоқе барои Грегор Самса афтодааст.


  1. 1.0 1.1 Robertson R. Kafka: A Very Short Introduction (ингл.)University of Oxford, 2004. — P. 1. — ISBN 978-0-19-280455-6
  2. 2.0 2.1 Kafka F. The Metamorphosis (ингл.): The Translation, Backgrounds and Contexts, Criticism / S. Corngold, S. Corngold — 1 — W. W. Norton & Company, 1996. — P. 211. — ISBN 978-0-393-96797-5
  3. 3.0 3.1 3.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. Kafka F. The Metamorphosis (ингл.): The Translation, Backgrounds and Contexts, Criticism / S. Corngold, S. Corngold — 1 — W. W. Norton & Company, 1996. — P. 213. — ISBN 978-0-393-96797-5
  5. 5.0 5.1 Кафка Франц // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. Trenkler T. Kafka in Kierling: Siechtum prolongiert (нем.) / Hrsg.: O. Bronner — 2011.
  7. Чешская национальная авторитетная база данных
  8. CONOR.Sl