Каъб ибни Зуҳайр
Каъб ибни Зуҳайр | |
---|---|
араб. ар. كعب بن زهير | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, нависанда |
Таърихи таваллуд: | асри VII |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 662 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом |
Падар: | Zuhayr[d] |
Вироиши Викидода |
Каъб ибни Зуҳайр (ар. کعب ابن زهیر; асри VII, Арабистон (нимҷазира) — 662, Арабистон (нимҷазира)), Ибни Абисуламӣ — шоир ва қасидасарои маъруфи араб.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Чанд соли умри ӯ дар аҳди ҷоҳилият сипарӣ шуд. Вақте фаъолияти Паёмбар (с) авҷ гирифт, Каъб бародараш Буҳайрро назди ӯ (с) фиристод, то вазъро баррасӣ кунад. Чун Буҳайр назди Паёмбар (с) расид, ислом овард ва дигар назди Каъб бознагашт. Ин воқеа ба Каъб, ки таълимоти дини навро намепазируфт, сахт таъсир кард ва ӯ қасидае дар маломату сарзаниши Паёмбар (с) ва ҳаҷви ислом сароид. Ҳамин тавр, бо истифода аз маҳорати эҷодии худ дар ашъору сурудаҳояш ба Паёмбар (с) таън мезад ва зидди ислом ситеза мекард. Вақте ки ашъори ӯ ба гӯши Паёмбар (с) расид, барошуфт ва ҳукми қатлашро эълом фармуд. Паёмбар (с) пас аз фатҳи Макка ба ин шаҳр ворид шуд. Буҳайр, ки ҳамроҳи лашкари Паёмбар (с) буд, барои ҷони бародараш тарсида, тавассути номае аз омадани Паёмбар (с) ба Каъб хабар дод. Дар нома тазаккур дод, ки агар ба назди Расулуллоҳ (с) ояд ва аз кардаи худ изҳори надомат кунад, Паёмбар (с) ӯро афв хоҳад кард. Каъб ба ин суханони Буҳайр бовар карда, ба Мадина омад. Чун вориди масҷид шуд, Паёмбар (с) омодаи хондани намози субҳ буд. Каъб бо Расулуллоҳ (с) нахустин бор намоз гузорид. Сипас, дар канори ӯ (с) нишаста, худро муаррифӣ ва аз амалҳои гузашта изҳори надомат кард. Паёмбар (с) низ ӯро бахшид. Каъб барои ҷуброни амалҳои собиқаш дар мадҳу санои Расулуллоҳ (с) дар масҷиди Мадина, дар маҳзари вай (с) ва саҳобагон қасидае қироат кард. Аз шунидани қасида Паёмбар (с) мутаассир шуда, ба унвони туҳфа ба Каъб хилъат (бурд)-и худро пӯшонид. Аз ин рӯ, ин қасида бо номи «Бурда» машҳур гаштааст. Ин қасида аз беҳтарин сурудаҳои Каъб мебошад. Каъб дар яке аз байтҳои он Паёмбар (с)-ро ба машъали фурӯзоне монанд карда, ки дар партави он ҷаҳониён ба роҳи рост ҳидоят мешаванд. Ӯ ҳамчунин Паёмбар (с)-ро ба шамшери бараҳна (аз ғилоф беруншуда)-и илоҳӣ ташбеҳ медиҳад, ки ҳама ҷо бо пирӯзии комил тавъам аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Каъб ибни Зуҳайр / С. Наимӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- ابن قتيبه عبدالله. الشعر و الشعراء. ليدن، ١٩٠٢؛
- سكري حسن. شرح ديوان كعب ابن زهير. القاهرة، ١٩٥٠؛
- ابن هشام عبدالملك. سيرة النبى (ص). القاهرة، ١٩٧١؛
- فاخوري حنا. تاريخ ادبيات زبان عربى. تهران، ١٣٦١ ش.؛
- بستانى فؤاد افرام. كعب بن زهير. بيروت، ١٩٨۴