Jump to content

Кеннет Вилсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кеннет Вилсон
англ. Kenneth Geddes Wilson
Таърихи таваллуд 8 июн 1936(1936-06-08)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 июн 2013(2013-06-15)[1][2][3][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ critical phenomena[d], физик[4] ва физики назарӣ[d][4]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Марри Гелл-Ман
Шогирдон Michael Peskin[d]
Ҷоизаҳо

Кеннет Геддес Вилсон (англ. Kenneth Geddes Wilson; 8 июн 1936[1][2][3][…], Волсом[d], Массачусетс15 июн 2013[1][2][3][…], Соку[d], Мэн) — физикдони назарии амрикоӣ. Узви АИ миллӣ ва Академияи илм ва ҳунари ИМА.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи мактаби квакерӣ (1952), Донишгоҳи Ҳарвард (1956). Аз соли 1963 дар Донишгоҳи Корнел кор мекунад. Аз соли 1970 профессор, доктори илмҳои (1961). Таҳқиқоташ асосан ба назарияи гузаришҳои фазавӣ, омӯзиши ҳодисаҳои буҳронӣ оиданд. Кеннет Вилсон моддаро дар назди нуқтаи буҳронӣ аз ҷиҳати назариявӣ тавсиф дода, усулҳои дарёфти ададии қиматҳои бӯҳрониро ошкор кард. Дар асарҳояш дар бораи омӯзиши зарраҳои бунёдӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо усулҳои математикиеро («аз нав бамеъёрдарорӣ») истифода кард, ки аз ҷониби Гелл-Ман, Лоу ва дигарон бо мақсади бартараф кардани баъзе мушкилот дар электродинамикаи квантӣ пешниҳод шуда буданд. Ин усулро дар амалия ҳангоми заҳиши моеъ аз ҷисми сахт, яхбандонӣ, паҳншавии тарқишҳо дар филизз ва ҷоришавии нафт дар зарфҳои зеризаминӣ, ки дар онҳо равандҳои физикавии микроскопии мураккаб чун ҳодисаи макроскопӣ зоҳир мешаванд, истифода кардан мумкин аст.

Аз соли 1976 Кеннет Вилсон ба моделонии компютерӣ диққати ҷиддӣ медод. Азбаски корҳои назариявии вай бо суръат ва хотираи компютерҳои муосир маҳдуд мешуданд, ӯ ташкили марказҳои суперкомпютерҳоеро, ки ба олимон хидмат мерасонанд, пешниҳод кард. Кеннет Вилсон «барои назарияи ҳодисаҳои буҳронии вобаста ба гузаришҳои фазавӣ» сазовори ҷоизаи Нобел гаштааст (1982).