Jump to content

Марри Гелл-Ман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Марри Гелл-Ман
англ. Murray Gell-Mann
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1929(1929-09-15)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 май 2019(2019-05-24)[4][5][2][…] (89 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физики заррот[d][7] ва физик[7]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Victor Weisskopf[d]
Шогирдон Кеннет Вилсон ва Sidney Coleman[d]
Ҷоизаҳо

стипендияи Гуггенҳайм[d] (1971)

Ҷоизаи Нобел дар бахши физик

Humanist of the Year[d] (2005)

William Procter Prize for Scientific Achievement[d] (2004)

Helmholtz Medal[d] (2014)

John J. Carty Award for the Advancement of Science[d] (1968)

Franklin Medal[d] (1967)

Richtmyer Memorial Lecture Award[d] (1966)

узви Ҷамъияти физикии Амрико[d]

Dannie Heineman Prize for Mathematical Physics[d] (1959)

Albert Einstein Medal[d]

Fellow of Pakistan Academy of Sciences[d]

Fellow of the Committee for Skeptical Inquiry[d]

Fellow of the American Academy of Arts and Sciences[d]

Foreign Member of the Royal Society[d] (20 апрел 1978)

Ernest Orlando Lawrence Award

Honorary doctorate of the University of Florida[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Кембриҷ[d]

доктори ифтихории Донишгоҳи Колумбия[d]

доктори фахрии Донишгоҳи Оксфорд[d]

honorary doctor of the University of Chicago[d]

honorary doctor of the Yale University[d]

Вебгоҳ tuvalu.santafe.edu/~mgm
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ма́рри (Мюрре́й) Гелл-Ма́н (Гелман, англ. Murray Gell-Mann; 15 сентябри 1929, Ню-Йорк, ИМА — 24 майи 2019, Санта-Фе, иёлати Ню-Мексико, ИМА[8][9]) — физикдони амрикоӣ, узви Академияи миллии илмҳои ИМА (1960).

Зандагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Йел (соли 1948) ва Институти Массачусетс (1951). Солҳои 1952-54 дар донишгоҳҳои Чикаго ва аз соли 1954 дар Институти технологии Калифорния таҳсил кардааст. Аз соли 1956 профессор Институти техникии Калифорния. Ҳоло Марри Гелл-Ман (2015) профессор фахрии физикаи назариявӣ дар Донишгоҳи Калтех (Калифорния), ҳамзамон профессор факултаи физикаи назариявӣ ва астрономияи Донишгоҳи Ню-Мексико дар Албукерке мебошад. Корҳои таҳқиқотии Марри Гелл-Ман, асосан, ба назарияи квантии майдон, физикаи ҳаста, физикаи зарраҳои бунёдӣ (мутаносибии таъсири мутақобилаи заиф ва пуриқтидор, таносубҳои дисперсионӣ) бахшида шудаанд. Марри Гелл-Ман дар синни 23-солагӣ дар соҳаи физикаи зарраҳои бунёдӣ инқилобе кард. Ӯ дар бораи аҷобату малоҳати зарраҳои бунёдӣ нахустин бор мақолаашро нашр кард. Ҳамчунин қонуни бақои нигаҳдории аҷобат (новобаста ба К. Нишиҷима) (формулаи Гелл-Манн-Нишиҷима) ва формализми изоспинро исбот намуд.

Дар доираи назарияи таснифотии худ зарраҳои нав: сигма-сифр-ҳиперон ва кси-сифр-ҳиперонро пешгӯӣ кард. Соли 1953 якҷо бо М. Голдбергер мафҳуми назарияи зоҳирии пароканиш ва усули таносубҳои дисперсионӣ ва назарияи квантии майдонро пешниҳод кард. Марри Гелл-Ман якҷо бо Р. Фейман (новобаста ба Р. Маршак ва Э. Сударшан) назарияи таъсироти мутақобилаи сустро таҳия карда буд (1958). Марри Гелл-Ман зарраи нави бунёдӣ — омега-минус-ҳиперон ва хосиятҳои онро пешгӯӣ намуда, усули алгебравии ҷараёнҳоро пешниҳод кард (1962), муаллифи фарзияи кваркҳо буд. Новобаста ба дигарон фарзияи глюонҳоро пешниҳод намуд (1973). Марри Гелл-Ман барои кашфиётҳои вобаста ба таснифоти зарраҳои бунёдӣ ва таъсироти мутақобилаи онҳо сазовори ҷоизаи Нобел гардид (1969). Бо мукофоти Хейнеман, медалҳои Э. Лоуренс (1966), Б. Франклин (1967) ва ғ. сарфароз гардидааст.

  • Лауреаты Нобелевской премии. М., 1992;
  • Всемирный биографический энциклопедический словарь. М., 1998.