Jump to content

Кипрегел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кипре́гел (олмонӣ: kippregel ва kippen — чаппа кардан, фр. règle — хаткашак) – асбоби механикӣ ё оптикии геодезӣ барои чен кардани баландӣ, масофа ва кунҷҳои амудӣ, тартиби графикии самтҳо ҳангоми банақшабардории топографии маҳал (ландшафт). Кипрегел ба таркиби маҷмӯи мензулавӣ дохил мешавад. Бо ёрии кипрегел нуқтаҳои тасвиршавандаро ба нишон гирифта, масофа бо ресмонҳои масофасанҷ то нуқта муайян карда мешавад, баъд аз рӯи кунҷи амудӣ ва масофа баландшавии нуқтаро муайян карда, бо ёрии хаткашак дар планшет аз нуқта ва масофаи то он хат мекашанд.

  • Захаров А.И. Геодезические приборы. Справочник. Москва, 1989.
  • Кипрегел // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.