Кирми ғӯза
| Кирми ғӯза | |||
|---|---|---|---|
| | |||
| Таснифи илмӣ | |||
|
Олам: Зерсилсила: Бе ранг: Шоха: Зертип: Tracheata Забарсинф: Синф: Зерсинф: Инфрасинф: Забаргурӯҳ: Гурӯҳ: Зергурӯҳ: Инфрагурӯҳ: Шоха: Оила: Авлод: Намуд: Кирми ғӯза |
|||
| Номи илмӣ | |||
|
Helicoverpa armigera Hübner, 1805 |
|||
| Ҳаммаъно | |||
|
|||
| |||
Кирми ғӯза (лот. Helicoverpa armigera) — кирми шапараки пахта.
Асосан ба пахта зарари калон мерасонад. Кирми гуза зараррасони нахӯд, ҷуворимакка, помидор, каду, занҷабил, боимчон, юнучка низ мебошад. Паҳноии боли кушодаи шапалакаш 30-40 мм;,боли пешаш зарди бур ва боли кафояш сафед. Кирмаш (дарозиаш 40=45 мм) сафеди зардча, дорчинӣ, баъзан сурхи гулобӣ, зочааш (дарозиаш 14=22 мм) сабзтоби дорчинӣ, тухмаш нимкурра (диаметраш 0,5-0,6 мм). Давраи инкишофи тухм 2,5-4, кирмак 15-20 ва гумбак (зоча) 9-14 рӯз давом мекунад. Зимистонро дар ҳолати гумбаки дар хок (дар чукурии то 8-15 см) гузаронида мохи май ба шапалак табдил меёбад. Шапалакаш аз шахди гули рустани гизо гирифта дар барг, муғча, гул ва кӯрак тухм (дар мавсим то 3000-то) мегузорад, ки аз он баъди 2-7 шабонарӯз кирм мебарояд. Дар шароити чанубии Тоҷикистон солее 4-5 маротиба насл медихад. Як Кирми гуза ба ҳисоби миёна ба 12 гунча, гул ё гуза зарар мерасонад. Кисми зиёди гулу гузаи иллатнок мерезад. Кирми гуза-ро беш аз 20 намуди хашароти дарранда (ганданафасакхо, набисхо, тиллочашмак, ғамбусакхо ва ғайра) нобуд мекунад.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳви алафҳои бегона; яхобмонӣ; чеканкаи пахта; истифодаи ҳашаракушҳо; муборизаи биологӣ (зиёд кардани трихограмма) ва ғайра.