Китобу-л-адвор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Китобу-л-адвор» («Китоб-ал-адвор фи маърифатин нағам ва ал-адвор», «Китоб-ал-ад-вор-фи-л-мусиқӣ», «Ал-адвор», «Адвор»), соли таълифаш 1252, Бағдод, арабизабон, асари машҳури Сафиуддин Абӯлмӯъмини Урмавӣ (1230-1292-94), аз муҳимтарин таълифоти назарии му-сиқии а. 13 дар таърихи тамаддуни мардумони Шарқи Миёна, Наздик аст.

«Китобу-л-адвор» аз муқаддима, 15-фасл ва хотима таркиб ёфта, дар муқаддима мақсади таълифи он баҳра бардоштани аҳли ҳунар аз таркиботи ил-мию амалии мусиқӣ буда, инчунин асарро Сафиуддин Абӯлмӯъмини Урмавӣ бо маслиҳати Насируддини Тӯсӣ (1200-1273) нигоштааст.

Фасли аввали «Китобу-л-адвор» («Дар шинохти нағма ва ҳиддату сақили он») баҳси мавзӯи илмии мусиқӣ «нағма» буда, яъне таърифи нағма, сабаби ихтилофи нағма дар зеру (ҳиддат) ва бамӣ (сақил) аст. Дар ин фасл сабабҳои зеру бамӣ дар созҳои му-сиқии торӣ ва нафасӣ дар зимни далелу таҷри-баҳои зиёде ба риштаи таҳлил омадааст.

Фасли дуввуми «Китобу-л-адвор» («Дар қисмати дастонҳо»). Мавзӯи тақсиму баррасии торҳо, усули ҳосил намудани нағмаҳои мусиқӣ аз дастонҳо (пардаҳо) буда, муаллиф тартиби воқеъшавии тору пардаҳоро дар мисоли таркиботи торию пардавии сози уд таҳқиқ намуда, нақшаи онро овардааст. Ин усули таҳлилии Урмавӣ дар «Китобу-л-адвор» идомаи мантиқию таърихии пешиниён (Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Зайла ва диг.) буда, дар бисёр ҳолот вобаста ба таҳаввулоти ҳунарӣ ба натоиҷи нав дастёб шудааст. Дар фасли саввум («Дар нис-батҳои абъод») Урмавӣ, баёни идомаи тавсифи нағмаҳо буда, ин ҷо фосилаҳо (абъод) ва ду навъи он мулоиму (консонанс) мунофарат (диссонанс), усули эҷоди онҳо таҳқиқ шуда, тафсири муалли-фи «Китобу-л-адвор» фаннию мушаххас аст.

Дар фасли чаҳорум («Дар асбобе, ки муҷи-би танофур аст») сабабӯ ҳолоти эҷоди танофур (фосилаҳо) сабаби фосилаҳои чаҳоргона дар донакҳо ва зуларбаъҳо (чаҳоргона) тавзеҳ шуда, собит шудааст, ки таълифе, ки эҷод мешаванд бояд мулоим бошанд. Ин мавзӯъ дар фасли пан-ҷуми «Китобу-л-адвор» («Дар таълифи мулоим») идома ёфта, сабаби эҷоди фосилаҳои чаҳоргона, роҳҳои таш-кили зуларбаъҳои 7-гона тавзеҳ шуд.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 98 ISBN 978-99947-49-13-3