Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
тоҷикӣ: Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ
Кишвар

 Тоҷикистон

Нишонӣ

Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 1

Таъсис

12 марти 1917

Филиалҳо

9

Фонд
Нусхаи ҳатмӣ

ҳамаи тирожҳои ҳуҷҷатҳои дар ҳудуди вилоят чопшуда

Дастрасӣ ва истифодабарӣ
Шароити сабт

ройгон, донишомӯзони макотиби миёна, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ - ҳамаи синну сол; шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар давлатҳо

Содироти солона

ба ҳисоби миёна 500 ҳаз. нусха ҳуҷҷат дар сол

Хидматрасонӣ

аз 50 то 500 хонанда дар рӯз

Шумораи хонандагон

бештар аз 50 ҳазор хонанда дар сол

Дигар иттилоот
Раис

Баҳром Мирсаидов

Веб-сайт

asiri.tj

Мукофотҳо

Китобхонаи беҳтарини сол - 2014


Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ — китобхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойгир шудааст.

Таърих[вироиш]

Ибтидои таърихи таъсисёбии Kитобхона и вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба 12 марти соли 1917 рост меояд. Дар ин рӯз ҳамоиши панҷуми депутатҳои Гарнизони ҳарбии аскарони шӯравӣ дар Хуҷанд баргузор шуд, ки дар он таъсис додани китобхона матраҳ шуда буд.

Хазинаи китобхонаи навтаъсис худи ҳамон моҳ бо рӯзномаву маҷалла ва китобчаҳои мазмунан сиёсӣ пур шуд. Шумораи аввалини рӯзномаи «Известия» ба дасти хонандагон-аскарон расид. Баъди як моҳ аз китобхонаи шаҳри Тошкент 150 китобчаи дигар оварданд. Адабиёти китобхонаи навбунёд аз Маскав ва Петроград дастрас мегардид. Он солҳо ҳам мисли имрӯз муаллифон асарҳои худро ба китобхона ҳадя мекарданд. Соли 1924 китобхона аллакай шаҳрӣ шуда, дар маркази шаҳр, назди клуби 1 май ҷойгир мешавад.

Соли 1927 дар ҷашни 10-солагӣ китобхона ҳамчун китобхонаи марказӣ ва дастурдеҳ бо китобхонаҳои ноҳияҳои Хуҷанд, Нов, Ашт, Конибодом ва Исфара ҳамкорӣ мекард. Соли 1935 Шӯрои шаҳри Хуҷанд барои вусъат бахшидани корҳои китобдориву китобшиносӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар натиҷа бинои китобхонаи марказии шаҳрӣ калонтар гардид ва аввалин толори хониш барои хонандагон кушода шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам китобхона бо ҳайати ниҳоят ками корӣ аз фаъолият намонд. Китобдорон ба аскарону афсарони дар госпиталҳои ҳарбии шаҳр буда, китоб мекашонданд. Соли 1947 китобхонаи шаҳрӣ ба китобхонаи вилоятӣ табдил меёбад. Дар соли 1947 ҳайати кории китобхона иборат аз мудири китобхона Чекунина Антонина Ивановна, саркитобдор З.И.Баум, китобдорон Р.М.Берг, И.М.Вязников, А.П.Базуева, муҳосиб И.М.Қодиров, посбон Е.Ботурова, фаррош А.Палина буд.

Соли 1949 китобхонаро ба бинои нав, ки дар кӯчаи Орҷеникидзе, бинои 122 воқеъ буд, кӯчониданд. Соли 1959 махзани китобии китобхонаи вилоятӣ ба 123 ҳазор нусхаро ташкил медод. Мутахассисони маҳаллӣ дар китобхона пас аз соли 1960 ба фаъолият шуруъ карданд. Соли 1961 мудири китобхонаи вилоятӣ А.Маҳкамов, мудири шуъба О.Додохоҷаева ва М.Умарова, О.Неъматова ва дигарон китобдор шуда кор мекарданд. Дар ҷашни 70-солагии таъсисёбӣ ба хазинаи китобхонаи вилоятӣ 13 ҳазор нусха китоб, 416 номгӯ рӯзномаву маҷалла ворид гардид, ки аз он зиёда аз 10 ҳазор хонандагон истифода бурданд. Маълумоти вобаста ба мақоми китобхона аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба баъд чунин аст. 1. Соли 1990, баробари ба бинои нав кӯчидани Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳамзамон Китобхонаи системаи марказонидашудаи шаҳри Хуҷанд низ ҷойгир шуд ва чанд сол чун муассисаи ҷудогона амал кард. 2. Китобхона тибқи қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Ленинобод таҳти № 8 аз 31-уми марти соли 1994 ба мувозанаи шӯъбаи фарҳанги кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. 3. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти № 67 зарурат пеш омад, ки аз санаи 1-уми январи соли 1996 системаи марказонидашудаи китобхонаҳои шаҳри Хуҷанд (ҳам китобхонаи шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ) ба Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ табдил дода шуд. Аз рӯи банди 2-юми ин қарор низомнома, сохт, сметаи харҷи маблағ ва штати кормандон тасдиқ карда шуд. Бо вуҷуди тасдиқи қарори мазкур то имрӯз дар ҳисоботи солона натиҷаи фаъолияти китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд, ҳайати кормандон, махзани китобӣ ва дигар санаду рақамҳо дар ҷадвали алоҳида ҷудогона пешниҳод мешавад. 4. Баъди ирсоли мактуб-пешниҳоди вазири ҳамонвақтаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзошоҳрух Асрорӣ (таҳти 1-03/1231 аз 21.05.2007) дар бораи ба китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ табдил додани китобхонаи оммавии ҳамноми он ва ҷонибдориву дастгирии Раиси ҳамонвақтаи вилоят, муҳтарам Қоҳир Расулзода китобхона аз нав, баъди таваққуфи тӯлонӣ мақоми вилоятӣ пайдо кард. Санаи 10 -уми январи соли 2008 таҳти № 4 қарори Раиси вилояти Суғд дар заминаи қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд (даъвати III) аз 28-уми ноябри соли 2007, таҳти № 109 доир ба моликияти коммуналии вилоят ба ҳисоб рафтани Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба тасвиб расид. Ба ҳайати кории китобхона шомил шудани адибону олимон Муҳиддин Хоҷазод, Аҳмадҷони Хистеварзӣ, Эҳсон Оқилов, муҳаққиқони ҷавон Нуралӣ Нуров, Баҳром Мирсаидов, Бахтиёр Файзуллоев, Тайиба Бобоева, Фирӯз Ҷумъаев, Ҷамшед Қаноатов, Темур Мирзоҷонов, Зоҳид Қӯрғонов ва дигарон, кормандони эҷодкору ботадбир (ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ва солҳои 2000-ум ба фаъолият пардохта), чун Абдулазиз Қаландаров, Мунира Ҳакимова, Мавзуна Раҷабова, Мунаввара Ҳошимова, Мавзуна Ҳамробоева, Муҳаббат Ҳусейнова, Муҳайё Сангинова, Сурайё Шодиева, Муҳайё Турсунова ва дигарон саҳифаҳои таърихи нави китобхонаи вилоятӣ боз шуд.

Фаъолияти китобхона[вироиш]

Бо мурури замон на танҳо захираи китобии китобхона афзуд, балки раванди фаъолияти кории он ташаккулу таҳаввул ёфта, ҷабҳаҳои корҳои илмию методӣ ва маълумотдиҳию библиографӣ дар он вусъат пазируфтанд. Ҳоло китобхона яке аз бузургтарин китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Сохтор[вироиш]

Китобхонаи вилоятӣ чаҳорошёна аст. Дар ошёнаи якум шуъбаҳои техникӣ-кишоварзӣ, иттилоотӣ-компютерӣ, мубодилавӣ-захиравӣ, хизматрасонии махсус, мубодилавӣ-захиравӣ ва нигаҳдории китоб ҷойгир шуданд. Дар ошёнаи дуюми он маъмурият ва бахшу ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳ, шуъбаҳои хизматрасонӣ, маълумотдиҳӣ- библиографӣ, табъу нашр, илмӣ-методӣ, пурракунӣ ва коркарди китобу маводи чопӣ, дастхатҳо ва нашрияҳои нодир, толори илмӣ-таълимӣ, ҳуҷраи муқовабандӣ воқеъ гардидаанд. Дар ошёнаи сеюм бахши электронӣ, толори хониш, толори кӯдакону наврасон, шуъбаҳои феҳрастҳо ва санъат мавқеъ доранд. Шуъбаҳои китобҳои тиббӣ, китобҳо ба забонҳои хориҷӣ ва матбуоти даврӣ дар ошёнаи чаҳорум барои истифодабарандагон хизматрасонӣ мекунанд. Ҳамзамон 9 китобхона-филиали тобеи китобхонаи вилоятӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба мардум хизматрасонии китобию иттилоотиро ба субут мерасонад.

Раёсат[вироиш]

Дар давоми солҳои 1960—1995 мудирии китобхонаро А. Маҳкамов, С. Абдуллоева, М. Мирсаидова, Н. Шукурова, И. Ҳусайнова, Х. Аббосов ва А. Пулотов бар дӯш доштанд. Сарварии китобхонаро (1995—2002) мутахассиси соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирҷон Солиҷонов бар дӯш дошт. Аз соли 2002 то ибтидои соли 2014 сарвари китобхона Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Бобоев ба шумор мерафт. Соли 2014 сарвари китобхонаи вилоятӣ Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввара Дамонова буд. Соли 2015 сарвари китобхонаи вилоятӣ филолог-шарқшинос Маллаев Абдуғаффор таъин шуда буд. Аз 22 августи соли 2016 сарварии китобхонаро Аълочии фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дорандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Носирҷон Маъсумӣ ва Раҳим Ҷалил, дотсент Баҳром Мирсаидов бар дӯш дорад. Маҳз бо хидматҳои устодони ёдшуда, саъю талоши ҷомеаи меҳнатии тифоқу муттаҳид ва ташаббускору созанда китобхона ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ҳамчун махзани ҳақиқии илму хирад, маркази дастурдиҳиву раҳнамосозандаи 355 китобхонаи низоми фарҳанги вилояти Суғд ва макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ шинохта шудааст.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]