Jump to content

Баҳром Мирсаидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳром Мирсаидов
Баҳром Тоҳирович Мирсаидов
Таърихи таваллуд: 20 декабр 1976(1976-12-20) (47 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: адабиётшинос
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаҳои адабии ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида», Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҷалил.

Баҳром Мирсаидовадабиётшинос, олим, номзади илмҳои филологӣ,, дотсент, Аълочии фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳром Мирсаидов 20 декабри соли 1976 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Солҳои 1984-1994 дар мактаби миёнаи ба номи М. Горкийи деҳа таҳсил карда, бо медали тило ба итмом расондааст. Солҳои 1994-1999 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишомӯзӣ намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 2000-2003 аспиранти донишгоҳ буда, соли 2004 дар мавзӯи «Тимсоли бадеии парандагон дар назми ирфонии асрҳои миёна (XI –XII)» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 1999 дар факултаи филологияи тоҷики ДДХ, Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён, рӯзномаи «Нури маърифат» фаъолият дорад. Ӯ 13 –уми ноябри соли 2002 ба ҳайси мудири шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири китобхонаи мазкур корро оғоз намуд. Аз 1-уми октябри соли 2005 то 16-уми феврали соли 2015 вазифаи муовини сарвари китобхона оид ба корҳои илмӣ-методӣ бар уҳда дошт. Инчунин номбурда аз 4-уми марти 2015 то 19-уми августи соли 2016 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолият намудааст. 22 августи соли 2016 сарвари Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ таъйин гардид. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

Дар боби омӯзиши адабиёти ирфонӣ ва шеъру насри муосир рисолаи «Тимсоли бадеии парандагон дар назми ирфонии асрҳои миёна (XI-XII)» (2010), бештар аз чил мақола ва ду рисолаи илмӣ – «Поси номуси сухан» (2007), «Рӯзгору осори Ҳазрати Имоми Аъзам» (2008), дар ҳаммуаллифӣ) ба чоп расондааст. Ба омӯзиши таърихи адабиёти классикии тоҷик, бавижа, шохаи бузурги он – тасаввуф машғул буда, афкори ирфонии шуарою нависандагони сӯфия Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Муҳаммади Ғазолӣ, Аҳмади Ғазолӣ, Санойии Ғазнавӣ ва дигаронро мавриди тавзеҳу ташреҳ қарор додааст. Омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни адабиёти шӯравии тоҷик самти дигари фаъолияти илмии ӯ ба шумор рафта, то ин дам дар хусуси паҳлӯҳои мухталифи осори адибони маъруфи тоҷик, монанди Садриддин Айнӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон чанд мақолаи илмӣ таълиф намудааст. Инчунин, перомуни китобу рисолаҳои олимону адибони маъруфи кишвар Т. Зеҳнӣ, Н.Салимов, А.Насриддинов, Фарзона, Баҳманёр, А.Раҳматзод, Б.Насриддинов, В.Набиев, М.Хоҷаев, Н.Файзуллоев, А. Набавӣ, Б.Раҳимӣ ва дигарон тақризҳо навиштааст. Дар таҳияи маҷмӯаҳои илмии «Посдорони насри муосири тоҷик» (2009), «Шоири хуршеду дарё» (2011); дар ҳамдастии С.Аъзамзод, (Хуҷанд, 2012) саҳмгузор будааст.

Дар боби омӯзишу таҳқиқи мероси аҳди бостон, адабу фарҳанги авастоӣ, адабиёти ирфонӣ, таърихи адабиёт, шеъру насри муосир бештар аз 60 мақолаи илмӣ, инчунин ду рисолаи хурди илмӣ (бо ҳаммуаллифӣ) эҷод намуда, зиёда аз 200 навиштаҳои мухталифи публитсистии ӯ дар матбуоти имрӯз мунташир гардидаанд. Дар семинарҳои омӯзишӣ, конференсияҳои байналмилалӣ ва намоишҳои китоб дар кишварҳои Казоқистон (2009), Эрон (2010, 2015), Туркия (2011) ширкат намудааст. Ҳоло дар мавзӯи «Муаммои таҳаввули сужет ва образ дар маснавиҳои ирфонӣ (дар мисоли маснавиҳои Саноӣ, Аттор ва Мавлавӣ)» пажӯҳишоти худро идома медиҳад.[1]

  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон;
  • Ҷоизаи адабии ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида»;
  • Ҷоизаи адабии ба номи Носирҷон Маъсумӣ.
  • Ҷоизаҳои адабии ба номи Раҳим Ҷалил/[2]
  1. 1.0 1.1 Мирсаидов Баҳром Тоҳирович. 27 августи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 августи 2018.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва зими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 133 - 134 ISBN 978-99947-2-379-9