Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар |
---|
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар — (23 январи соли 1974) дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст ва дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Сомонаи расмии китобхона — Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Kитобхона дар ду толори ошёнаи сеюми китобхонаи марказии шаҳри Душанбе бо фармони Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1974 таъсис дода шуда буд, баъдан 27 сентябри соли 1974 лентаи рамзии кушодашавии китобхонаро шоири маҳбуби бачагон Мирсаид Миршакар бурид ва хонандагонро ба китобхона даъват намуд.
Солҳои аввал захирааш аз ҳисоби давлат ва шоиру нависандагони Тоҷикистон пурра мешуд. Масалан аввалин бор шоири маҳбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туҳфа намуда буд.
1 феврали соли 2003 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои поси хотир, қадрдонии хидматҳои шоёни устод Мирсаид Миршакар ва ба муносибати таҷлили 90-солагиаш ба китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакарро муносиб дид.
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхона дорои 3-шӯъба мебошад.
- Шуъбаи такмил ва баррасии адабиёт.
- Шуъбаи хадамот.
- Шуъбаи илмию-методӣ ва маълумотдиҳию-библиографӣ.
Ҳоло бошад захираи китобии китобхонаро 94000 нусха китоб фаро гирифтааст, дар китобхона 27 нафар кормандон соле ба 4500 хонанда хидмати китобӣ мерасонад. Тамоми захираи китоби китобхона дар маҷмуи феҳристу картатекаҳо сабт шудааст.
Китобхонаи мазкур бо тарбияи кудакону наврасон машғул аст. Дар ин муддати тулони бисёр корҳои тарғиботию таблиғоти гузаронида, ҳазорон хонандагонро бо хидмати судман ноил гардондааст, теъдоди чорабиниҳое гузаронида шуда ба адабиёти бачагона марбутанд.
Фаъолияти китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мурури замон на танҳо захираи китобии китобхона афзуд, балки раванди фаъолияти кории он ташакул ёфта, ҷабаҳаҳои корҳои илмию-методӣ ва маълумотдиҳию-библиографӣ бавуҷуд омаданд. Дар ин муддат китобдорон зиёда аз 50 номгӯи дастурҳои гуногуни библиографию методиро тахия ва интишор намуданд, ки «Пулод Толис адиби дустдоштаи кӯдакон»(1999), «Корнамои ҷовидона»(2000), «Табиат ва кӯдакон»(2002), «Соли 2003-Соли байналмилалии оби тоза»(2003), «Шӯҳрати ҷаҳонии Шоҳнома»(2005), «Нашри китоб дар ҷумҳурии Тоҷикистон» (2005), «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» (2005), «Тарғиби осори Алӣ Бобоҷон дар китобхонаҳо» (2006), «Чор фасли соли кишвари соҳибистиқлоли манн — Тоҷикистон»(2007), «Ҷашнҳои фархундаи ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008), "Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»(2008) аз ҷумлаи ин гуна нашрҳоянд.
Кормандони китобхона барои бачагон картотекаҳои зиёде бо номи «Тоҷикистон», «Адибони дӯстдоштаи кӯдакон», «Табиат ва кӯдак»-ро созмон додаанд. Ҳоло китобхона яке аз калонтарин китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва ба ҳамаи китобхонаҳои бачагонаю мактаби ёрии амалии методӣ мерасонад дар он кӯдакони кули ҷумҳурӣ ва роҳбарони хониш аъзо ҳастанд. Бо ташаббуси кормандони китобхона ҳар сол Фестивали ҷумхуриявии «Ҳафтаи иитоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.[1]
Адибони ҳамкор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирзо Турсунзода
- Мирсаид Миршакар
- Гулрухсор Сафиева
- Гулчеҳра Сулаймонӣ
- Насим Раҷаб
- Ҳадиса Қурбонова
- Меҳринисо Бобобекова
- Сафияи Носир
- Мавҷуда Ҳакимова ва диг.
Раёсат
[вироиш | вироиши манбаъ]- Директорони китобхона — Қурбон Авғонов (2003—2015); Гуленова Беҷода Давлатёровна (аз соли 2015)
Кормандони намоёни китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шариф Тошев
- Ҷӯрабой Раҷабов
- Назиршо Нуралиев
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт доир ба китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авғонов Қ. Омузиши осори ниёгон дар китобхонаҳо // Чархи гардун. — 1998. −16 октябр.
- Авғонов Қ. Китобхонаи ба номи устод Мирсаид Миршакар // Шоҳдара.-2003.- № 6 (84).
- Авғонов Қ. Китобхонаи давлатии наврасон номи М.Миршакарро гирифт// Садои мардум. −2003. −5 апрел.
- Авғонов Қ. Бонги изтироб бояд бизанем (Мусоҳиба бо рӯзноманигор А. Раҳим // Ҷумҳурият.-2004.- 6 май.
- Авғонов Қ. Китобхонаи бачагона ва маънавиёти насли наврас // Баҳори Аҷам. −2004. — июл.
- Бурҳонидин Каримзода. Китобхонаи бачагона эҳё мешавад // Садои мардум. — 2003. — 7 июн.
- Вохурие, ки фаромуш намешавад // Анбоз.-2004.-№ 4-5.- с.2.(роҷеъ ба субҳи адаби «Тоҷи сари мо Модар, болу пари мо Модар»
- Вохурӣ // Ҷумҳурият. −2004. −18 март. (роҷеъ вохурии шоиру нависандагон ва кормандони китобхона бо тарбиятгирандагони хонаи кудакони синни томактабии № 1)
- Раҷабов Ҷ. Мулоқоти судманд // Анбоз.-2004.- № 4-5. — с.1.(роҷеъ ба рузи ҳафтаи адабиёти бачагона)
- Раҷабов Ҷ. Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон (Мавод барои созмондиҳандагони Фестивал, 2008),
- Раҷабов Ҷ. Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар (Маводи роҳбарикунанда барои истифодаи хизматӣ, 2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қурбон Авғонов),
- Раҷабов Ҷ. Консепсияи хадамоти китобдории кӯдакону наврасон тавассути китобхонаҳои давлатӣ — оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009, ҳаммуаллиф-таҳиягар Қурбон Авғонов)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар(пайванди дастнорас)