Мавҷуда Ҳакимова
Таърихи таваллуд: | 5 май 1932 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1992 |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Иттиҳоди Шӯравӣ |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | шеър, пиеса, қисса |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | {| style="background:transparent" |||||||} ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон |
Мавҷуда Ҳакимова — шоир, нависанда, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1965).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мавҷуда Ҳакимова 5 майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1958 ин духтараки зебои хуҷандӣ барои амалӣ кардани орзуи хеш ҷониби Душанбе роҳ мегирад ва муҳассили факултаи таьриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегардад. Илҳоми эҷод аз овони ҷавонӣ дар ниҳодаш метапиду рӯз то рӯз бештар аланга мегирифт. Дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Аввал ходими адабӣ, баъд муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1962—1970), сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1970—1971) ва моҳномаи бонувон «Занони Тоҷикистон» (1985—1990) (ҳоло маҷаллаи «Фирӯза»), ба ҳайси сармуҳаррир фаъолияти босамар дошт.[1]
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Пионери Тоҷикистон» чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошини мошинсавор» (1972), «Ба сӯйи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977), «Тӯйи баҳор» (1980), «Диёри муҳаббат» (1987), «Бӯйи баҳор» (2002) ва ғ. мебошад. Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин» (1972), «Қатраи Офтоб» (дар тарҷумаи ӯзбекӣ; Тошканд, 1975), «Наш Нурек» (1975), «Дастони моҳир» (1978), «Баҳори шукуфон» (1980), «Шаршара» (1982) ва «Кто красивый» (1982) барои бачагон офарида шудаанд. Намоишномаҳои «Зистан мехоҳам» (1973), «Сояи гуноҳ» (1975), «Интизорӣ» (1975), «Зафар» (1979), «Ҳабиба» (1980), «Дунёи равшан» (1982), «Лолаҳои сафед» (1984) ва "Панди дарё (2012), «Афсонаи солинавӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.[1]
Ҳама ин дастоварду мувафақиятҳои беназир шоираро то синни шастсолагӣ ба даст омаду дар дил нияти амалӣ намудани орзуҳои дигарро дошт. Тараннуми бештари Ватан, модар, ишқ, баҳору зиндагӣ ва олами беғашу афсонавии атфолро дошт. Дар ин чаҳорпорааш меҳру муҳаббати беохир садоқату вафодории худро нисбат ба Ватан арз доштаву ба ғаму шодии мардуми кишвар шарик буданро васф намудаст:
- Дил агар гирён шавад, он гиряаш беҳуда нест,
- Бар ғами мардум насӯзад, он дили афсурда нест.
- Бо ғаму шодии мардум зистан қарзи ман аст,
- Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест.
Мавҷуда Ҳакимова дар китоби «Бӯйи баҳор»-и худ чун китобҳои дигараш зебу зиннати табиати афсункор, тараннуми Ватан ва дунёи рангини кӯдаконро басо хуб ба қалам додаст.
Ватанам
- Ватанам, ҷону танам, имонам,
- Бо ту пайваста бувад ҳастии ман.
- Чашмаи зиндагӣ оғӯши ту ҳаст,
- Туӣ дар зиндагӣ дилбастаи ман.
- Ватанам, ҷону танам.
- Сурхии рӯйи ман аз лолаи туст,
- Нури ду дидаам аз гулзорат.
- Дили дарёи ман аз Сиру Вахш,
- Бурдбории ман аз кӯҳсорат.
- Ватанам ҷону танам.
- Гулшани туст маро роҳати ҷон,
- Меҳри покат ба сарам меборӣ.
- Некбахтам, ки ҳама нози маро,
- Ҳамчу модар ту фақат бардорӣ.
- Ватанам, ҷону танам.
- Бо ту озодаму сарболоям,
- Бо ту фархундаяму дилшодам.
- Бе ту ман ҳеҷу харобам, Ватанам,
- Бо ту пурқудратаму ободам-
- Ватанам ҷону танам.[2]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Суруди баҳор. — Душанбе: Нашр. дав. тоҷик, 1964. — 80 с.
- Илҳом: Маҷмӯаи шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1970. — 43 с.
- Мошини мошинсавор. — Душанбе: Ирфон, 1972. — 16 с.
- Ба сӯи Нур. — Душанбе: 1976.- 63 с.
- Бачаҳои гулдаст: Шеърҳо барои бачаҳои синни томактабӣ. — Душанбе: Маориф, 1978.- 32 с.
- Туӣ баҳор: Шеър ва қиссаҳо. — Душанбе: Маориф, 1980. — 32 с.
- Шаршара: Шеър ва қиссаву достонҳо. — Душанбе: Маориф, 1982.- 160 с.
- Дарёи меҳр: Шеърҳо ва таронаҳо. — Душанбе: Ирфон, 1982.- 240 с.
- Зистан мехоҳад: Пьесаҳо. — Душанбе: Ирфон, 1984.- 208 с.
- Дарёча. — Душанбе: Ирфон,1985. — 48 с.
- Бӯйи баҳор. — Душанбе: Адиб, 2002.- 15 с.
- Маро нағз мебинед. — Душанбе: Истиқбол, 2008.-8 с.
- Панди дарё: Шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 2012.-128 с.[3]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Дӯстии халқҳо»,
- медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин»
- Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ḤAKIMOVA, MAWJUDA(англ.). www.iranicaonline.org. 16 сентябри 2019 санҷида шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 206 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Мавҷуда, Ҳакимова. Бӯйи баҳор. — Душанбе: Адиб,2002. — 15 с.
- ↑ Гулбаргҳои меҳр: Маълумотномаи библиографӣ барои синни миёна ва калони мактабӣ./Мураттибон: Авғонов Қурбон, Юсупова Муҳаббат; Муҳаррир Шаҳрия Адҳамзод. — Душанбе, 2013, — с. 21
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Хуҷанд
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Дорандагони ордени Дӯстии халқҳо
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
- Занон-нависандаҳои асри XX-и Тоҷикистон