Китфҷанг
Зоҳир
Китфҷанг, хурӯсҷанг
Бозӣ дар майдонча, боғча ва ё ягон ҷойи ҳамвор гузаронида мешавад. Дар замин доираи диаметраш 2 метра кашида мешавад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, ҳама рӯ ба рӯи доира аз ду тараф дар майдон саф мекашанд. Аз ҳар даста як нафарӣ ба даруни доира меоянд. Ҳар дуи ин бозигарон дар як пой истода, пойи дигарашонро бардошта меистанд ва дастҳоро ба пушт мегузоранд ва якдигарро бо китф тела дода, аз доира мебароранд ва ё кӯшиш мекунанд, ки ҳариф пойи дуюмашро ҳам ба замин гузорад. Дар саросари кишвар нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.1. 2015.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 182