Клод Бернар
Клод Бернар фр. Claude Bernard | |
Таърихи таваллуд | 12 июл 1813[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 1878[2][1][3][…] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физиология, тиб |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | |
Шогирдон | Ivan Tarkhanov[d] ва Étienne Lancereaux[d][6] |
Ҷоизаҳо | Медали Копли (1876) |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Клод Берна́р (фр. Claude Bernard; 12 июли 1813, Сен-Жюлйен (Рона) — 10 феврали 1878, Порис) — физиологи фаронсавӣ, яке аз асосгузорони физиология ва патологияи таҷрибавӣ, эндокринология, узви АИ дар Париж (1854).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми Донишгоҳи Париж (1839) дар Лабараторияи Ф. Мажанди кор кардааст. Роҳбари кафедраҳои физиологияи умумии ҳамин донишгоҳ (1854) ва физиологияи муқоисавии Музейи таърихи табиатшиносӣ (1868). Асари аввалинаш ба анатомия ва физиологияи асаби тарашшӯҳи ғадуди оби даҳон бахшида шудааст. Пажӯҳишҳои минбаъдааш ба фаъолияти ғадуди зери меъда ва аҳаммияти он дар ҳазми равған, гликоген ҳосил кардани ҷигар, шираи меъда ва аҳаммияти он дар тағзия (рисолаи докторӣ) оид мебошанд. Б. мубодилаи карбогидратҳоро омӯхта, мақоми ҷигар ва силсилаи асабҳои марказиро дар танзими онҳо нишон дод. Ӯ исбот намуд, ки дар мағзи дарозрӯя маркази танзими мубодилаи карбогидратҳо мавҷуд аст ва дар мавриди осеби он қанд ба воситаи пешоб хориҷ мешавад. Ба ақидаи Бернар ҳама гуна падидаҳои ҳаёт сабабҳои моддӣ дошта, асоси онҳоро қонуниятҳои физикавию кимиёӣ ташкил медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France Claude Bernard (1813-1878) (фр.) — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 BERNARD Claude — Senate.
- ↑ 3.0 3.1 Virtanen R. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Бернар Клод // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Список профессоров Коллеж де Франс
- ↑ Герценштейн Г. М. Лансеро, Этьенн (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVII. — С. 335.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бернар, Клод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Дигар мазмунҳо: саҳифаи мавҷуднабуда нишон дода шудааст
- Зодагони 12 июл
- Зодагони соли 1813
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 10 феврал
- Даргузаштагони соли 1878
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Докторони улуми тиб
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Фаронса
- Олимони асри XIX