Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кобалт, 27Co |
|
| Талаффуз | i[1] |
|---|
| Номи дигар | cobalt |
|---|
| Вазни атомии муқаррарӣ Ar, std(Co) | 7001589331940000000♠58.933194(3)[2] |
|---|
|
|
|
| Рақами атомӣ (Z) | 27 |
|---|
| Гурӯҳ | гурӯҳи 9 |
|---|
| Давр | даври 4 |
|---|
| Блок | d-блок |
|---|
| Категорияи элемент | Металли гузаранда |
|---|
| Конфигуратсияи электрон | [Ar] 3d7 4s2 |
|---|
| Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 15, 2 |
|---|
|
| Фаза дар ҲФМ | сахт |
|---|
| Нуқтаи гудозиш | 1768 K (1495 °C, 2723 °F) |
|---|
| Ҳарорати ҷӯшиш | 3200 K (2927 °C, 5301 °F) |
|---|
| Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | 8.90 гр/см3 |
|---|
| ҳангоми моеъ будан (дар н.г.) | 8.86 гр/см3 |
|---|
| Ҳарорати гудозиши хос | 16.06 кҶ/мол |
|---|
| Ҳарорати буғшавии хос | 377 кҶ/мол |
|---|
| Гармигунҷоиши молярӣ | 24.81 Ҷ/(мол·К) |
|---|
Буғи сершуда
| P (Pa) |
1 |
10 |
100 |
1 k |
10 k |
100 k |
| at T (K) |
1790 |
1960 |
2165 |
2423 |
2755 |
3198 |
|
|
| Дараҷаҳои оксидшавӣ | −3, −1, 0, +1, +2, +3, +4, +5[3] (an amphoteric oxide) |
|---|
| Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 1.88 |
|---|
| Қувваҳои иондоршавӣ | - 1-ум: 760.4 кҶ/мол
- 2-юм: 1648 кҶ/мол
- 3-юм: 3232 кҶ/мол
- (бештар)
|
|---|
| Радиуси атом | эмпирикӣ: 125 пм |
|---|
| Радиуси ковалентӣ | Low spin: 126±3 pm High spin: 150±7 пм |
|---|
Color lines in a spectral rangeХатҳои спектрии Кобалт |
|
| Сохтори булӯрӣ | hexagonal close-packed (hcp) |
|---|
| Суръати овоз thin rod | 4720 м/с (дар 20 °C) |
|---|
| Васеъшавии ҳароратӣ | 13.0 µm/(m·K) (дар 25 °C) |
|---|
| Гармигузаронандагӣ | 100 W/(m·K) |
|---|
| Муқобилияти нисбӣ | 62.4 nΩ·m (дар 20 °C) |
|---|
| Тартибории магнитӣ | ферромагнетик |
|---|
| Модули Юнг | 209 ГПа |
|---|
| Модули ғеҷонидан | 75 ГПа |
|---|
| Модули чандирии ҳаҷмдор | 180 ГПа |
|---|
| Коэффисиенти Пуассон | 0.31 |
|---|
| Сахтии Моос | 5.0 |
|---|
| Сахтии Виккерс | 1043 МПа |
|---|
| Сахтӣ аз рӯи Бринелл | 470–3000 МПа |
|---|
| Рақами CAS | 7440-48-4 |
|---|
|
| Кашф ва ҷудогузории аввалин | Georg Brandt (1735)Хатои ибора: Аломати нуқтагузории шинохтанашуда "ё" |
|---|
|
|
|
| | пайвандҳо |
Кобалт (Co)
КОБАЛТ (Cobaltum), Co, элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами ат. 27, массаи ат. 58,933. К. дар табиат як изотопи собит 59Co дорад. К.-и металлиро соли 1735 химики швед Г. Брандт кашф кардааст.
К. металли вазнини нуқраранг буда, каме тобиши сурх дорад. t гуд. 1493°С, t ҷӯш. 3100°С, зичиаш 8900 кг/м3. Дар ҳарорати муқаррарӣ ба таъсири обу ҳаво устувор мебошад.
Пайвастҳои К. дар Мисри Қадим, Чин барои истеҳсоли ранги кабуд, шишаҳои рангин, сир (эмал) истифода мешуданд. Ҳоло К.-ро дар саноат асосан дар шакли хӯлаҳо барои истеҳсоли масолеҳи ба оташ тобовар, магнитҳои доимӣ, асбобҳои буранда, шиша, рангубор ва ғ. истифода мебаранд.
Изотопи радиоактиви сунъии 60Co-ро барои муолиҷаи варам, тамйизи дорувор, нест кардани ҳашароти ғалладона, сабзавот ва дер нигоҳ доштани хӯрокворӣ ва ғ. истифода мебаранд.
К. дар организми одам, ҳайвонот ва рустанӣ микроэлементи зарурӣ мебошад. К. фаъолияти ферментҳоро метезонад; дар мубодилаи сафеда, карбогидрат ва чарбу, синтези кислотаҳои нуклеат, реаксияҳои оксиду барқароршавӣ ва тавлиди хун дар организм роли калон мебозад. Организм К.-ро аз таркиби хӯрокворӣ мегирад. Баъзе доруҳои дар асоси К. тайёркарда барои муолиҷаи анемия (камхунӣ) истифода мешаванд.
Аз хӯроквориҳо нахӯд, лаблабу, панир ва ҷигари гов К.-и бисёр дорад. К. яке аз микроэлементҳои муҳим мебошад. Вай дар организм бо сафедаҳо ва аминокислотаҳо пайваст аст; дар таркиби витамини В12 дохил мешавад. К. ферментҳоро фаъол сохта, ба ҳосилшавии сафедаҳои мушак, хун ва ассимилятсияи нитроген тақвият мебахшад, фаъолияти гемолизии хунро баланд мебардорад. Ҳангоми дар организм нарасидани К. гипо- ё авитаминози В12 рух менамояд.
Дар аснои ба организм таъсир расондани пайвастҳои К. мумкин аст заҳролудии шадид ё музмин ба вуҷуд ояд. Хусусан пайвастҳои ҳалшавандаи К. заҳрнок мебошанд. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ аз К. ба қоидаҳои ҳифзи саломатӣ дар истеҳсолот қатъӣ риоя кардан лозим аст (бояд бо либоси махсус, аз ҷумла одамоне, ки бо пайвастҳои К. сарукор доранд, бояд мудом аз назорати тиббӣ гузаранд.
| |
|---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ |
|---|
|
|