Кова Тилавпур
Таърихи таваллуд | 16 август 1993 (31 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ашт, вилояти Суғд, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | ҳунарпешаи синамо, рӯзноманигор, мудирбарномаи варзишӣ, мусиқидон |
Падар | Тилав Расулзода |
Модар | Матлуба Расулова |
Ҳамсар | Фарангис Юсуфзода |
Фарзанд | Кораншоҳ |
Вебгоҳ | tilavpur.com |
Кова Тилавпур (16 августи 1993, ноҳияи Ашт, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи синамо, агенти футбол. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз 2017).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Кова Тилавпур 16 августи 1993 дар ноҳияи Ашт дар хонаводаи рӯзноманигор Тилав Расулзода ба дунё омадааст[1]. Фориғутаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмиллалии Имом Хумайнӣ 2016 (Қазвин) мебошад.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2001 дар филми «Фариштаи китфи рост» ки коргардониашро Ҷамшед Усмонов ба уҳда дошт нақши «Ятим»-ро бозӣ кардааст.
Мусиқӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 2011 ба мусиқии ҳирфавӣ даст зад. Дар жонри РМБ ва Рап суруд месозад. Соли 2015 суруде ҳамроҳ бо гуруҳи “Барака” суруди “Модари ман”-ро таҳия намуд. Ҳамон сол албоми аввалини сурудҳояш таҳти унвони “Даст ба даст” иборат аз 8 суруд омода шуд. Соли 2022 дувумин албомаш бо номи “Шаби боронӣ” тавлид шуд.[2][3]
Мудирбарномаи футбол
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 2018 Иҷозатномаи миёнрави футбол дар Федерасияи футболи Туркияро ба даст овардаст.
Мудирбарномаи Умед Иброҳимӣ (бозикуни тими миллии Эрон), Нуриддин Давронов, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев, Шаҳром Самиев, Эҳсони Паншанбе ва Фатҳулло Фатҳуллоев футболбозони Тими миллии футболи Тоҷикистон аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- tilavpur.com — вебгоҳи расмии Кова Тилавпур