Ҷамшед Усмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамшед Усмонов
Таърихи таваллуд: 13 январ 1965(1965-01-13) (59 сол) ё 1965[1]
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпешаи синамо, тадвингар, коргардон
Корнома: 1998 — то ҳол
IMDb: ID 0882403

Ҷамшед Усмонов (форсӣ: جمشید عثمانف‎; зод. 13 январ 1965 ё 1965[1], Шайдон, вилояти Суғд[2]) — коргардони филм ва филмноманависи синамои тоҷик, узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон (1997), дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои синамои муосири форсӣ аст

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Усмонов 31 январи соли 1965 дар д. Ашт ба дунё омадааст. Факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1988) ва курсҳои сенаристон ва режиссёриро (Москва, 1994) хатм кардааст. Аз соли 1988 ба ҳайси ассистент ва режиссёр (1991) дар киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Филми «Фариштаи китфи рост»-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) ба навор гирифта шудааст. Ҳоло дар Фаронса истиқомат мекунад. [4].

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1998 — Фестивали байналмилалии синамои ҷавон дар Турин[5] (Италия) — Ҷоиза барои филми беҳтарин, Ҷоизаи тамошобинон, Ҷоизаи FIPRESCI[6] («Парвози занбӯр»)
  • 1998 — Фестивали байналмилалии синамо дар Салоники (Юнон) — Ҷоизаи «Искандари нуқрагин» («Парвози занбӯр»)
  • 1998 — Фестивали байналмилалии синамо дар Коттбус (Германия) — Ҷоиза барои коргардонии беҳтарин, Ҷоизаи Дон Кихот («Парвози занбӯр»)
  • 1998 — Фестивали байналмилалии синамо дар Фрибург (Швецария) — Ҷоизаи махсуси жюри («Парвози занбӯр»)
  • 1998 — Фестивали байналмилалии синамо дар Анапа (Россия) — Ҷоизаи барои коргардонии беҳтарин («Парвози занбӯри»)
  • 1999 — Фестивали байналмилалии филмҳои мустақил дар Барселона (Испания) — Ҷоизаи махсуси жюри («Парвози занбӯр»)
  • 2002 — Фестивали байналмилалии синамо дар Канн[7] (Франция) — Дипломи махсус («Фариштаи китфи рост[8]»)
  • 2002 — Ҷоизаи FIPRESCI дар фестивали байналмилалии синамо (BFI Film Festival[9]) дар Лондон (Англия), («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Tokyo Filmex (Япония) — Ҷоизаи махсуси жюри («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо дар Сингапур — Ҷоиза барои коргардонии беҳтарин («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо дар Тромсо (Норвегия) — Ҷоизаҳои «Аврора» ва «Дон Кихот» («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо дар Висбаден (Германия) — Ҷоизаи махсуси жюри («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо дар Анжер (Франция) — Ҷоизаи махсуси жюри («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо дар Братислава (Словакия) — Ҷоизаи Экуменикӣ, Ҷоиза барои нақши бозигари беҳтарин ба Маъруф Пӯлодзода («Фариштаи китфи рост»)
  • 2003 — Фестивали байналмилалии синамо «Киношок» дар Анапа (Россия) — Ҷоиза барои филми беҳтарин, Ҷоиза барои филмномаи беҳтарин ва Ҷоизаи мунаққидони синамои Россия («Фариштаи китфи рост»)
  • 2004 — Лауреати Ҷоизаи Академияи милии синамои Россия, «Ника» — Филми беҳтарини кишварҳои ИДМ ва Балтика («Фариштаи китфи рост»)
  • 2005 — Фестивали байналмилалии синамо дар Бусан (PPP) (Кореяи Ҷануби) — Ҷоиза барои филмномаи беҳтарин («Биҳишт фақат барои мурдагон»)
  • 2006 — Фестивали байналмилалии синамо дар Канн[10] (Франция) — Дипломи махсус («Биҳишт фақат барои мурдагон»[11])
  • 2006 — Tokyo Filmex (Япония) — Ҷоиза барои филми беҳтарин («Биҳишт фақат барои мурдагон»)
  • 2006 — Фестивали байналмилалии синамо дар Белград (Сербия) — Ҷоиза барои филми беҳтарин («Биҳишт фақат барои мурдагон»)
  • 2006 — Фестивали байналмилалии синамо дар Брюгге (Белгия) — Ҷоизаи жюрии Ҷавон («Биҳишт фақат барои мурдагон»)
  • 2006 — Фестивали филмҳои Осиёи дар Барселона (Испания) — Ҷоизаи филми беҳтарин («Биҳишт фақат барои мурдагон»)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
  2. 2.0 2.1 выгрузка данных FreebaseGoogle.
  3. https://www.moma.org/artists/31241 (ингл.)
  4. Ҷамшед Усмонов
  5. Les prix & festivals de Flight of the Bee (1998) sur MUBI. mubi.com. 16 Декабри 2021 санҷида шуд.
  6. 16th Torino Film Festival (en-GB). 16 Декабри 2021 санҷида шуд.
  7. FARISHTAY KITFI ROST(фр.). Festival de Cannes. 15 Декабри 2021 санҷида шуд.
  8. Les prix & festivals de L’ange de l’épaule droite (2002) sur MUBI. mubi.com. 16 Декабри 2021 санҷида шуд.
  9. 46th BFI London Film Festival (en-GB). 16 Декабри 2021 санҷида шуд.
  10. BIHISHT FAQAT BAROI MURDAGON(фр.). Festival de Cannes. 15 Декабри 2021 санҷида шуд.
  11. Les prix & festivals de Pour aller au ciel, il faut mourir (2006) sur MUBI. mubi.com. 16 Декабри 2021 санҷида шуд.