Кони антрасити Назар-Айлоқ
Кони антрасити Назар-Айлоқ дар ҳудуди ноҳияи Рашт дар масофаи 300 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар ҷои бо ҳам пайвастшавии қаторкӯҳҳои Зарафшону Қаротегин дар шароити мураккаби баландкӯҳи баландиаш 3600-4000 м ҷойгир шудааст. Захираҳои геологӣ умуман дар кони ангишт ба миқдори 300 млн. тонна муайян карда шудааст. Дар кон барои сохтмони кони ангишт бо иқтидори 200 ҳаз. тонна дар як сол ва заводи тозакунии ангишт, асоснокнамоии техникию-иқтисодӣ мавҷуд мебошад.
Масоҳати майдони кон 25 км2-ро ташкил дода, дарозии қабатҳо зиёда ба 10 км мерасанд. Захираи дурнамои антрасит ба миқдори 450 млн. тонна ва захираи муайяншуда ба 65 млн. тонна баҳогузорӣ карда шудаанд. Зимнан антрасити аз ҳама баландсифат асосан дар қабати IV ва қисман дар қабати VI ҷамъ шудаанд.
Озмоиши намунаи антрасит дар Россия (ВУХИН, ш. Свердловск), Финландия ва Германия гузаронида шудааст. Оиди як қатор нишондодҳои сифатӣ антрасити Назар-Айлоқ аз антрасити Украина ва оҳангарӣ беҳтар буда ва умуман ба антрасити машҳури Ветнамии кони Ха-Ту шабоҳат дорад.
Ғайр аз ин антрасити кони Назар-айлоқ бо захираи зиёди худ талаботи ГОСТ 9604-75 «Антрасити ҳавзаи Донецкро барои истеҳсоли электроди термоантрситӣ» қонеъ мегардонад.
Озмоишҳои лабораторӣ, нимизаводӣ ва таҷрибавию саноатии антрасити кони Назар-Айлоқ дар панҷ институти илмию-тадқиқотии Федератсияи Россия гузаронида шуда, истифодабарии онро бо чунин мақсадҳо исбот намудаанд:
- истеҳсоли электродҳо ва маснуоти графитӣ-ангиштӣ;
- ба сифати карбюризатор дар печҳои барқии дағал ва индуксионӣ дар вақти обнамоии пӯлоди махсус ва чуяни синтетикӣ ба ҷои электроди шикасташуда;
- бар ивази кокс дар вақти истеҳсоли карбиди кальсий;
- ба сифати ивазкунандаи графити пулакчашакл (чешуйчатого графита) дар истеҳсоли бетонҳои периклаз-карбонии баоташтобовар (периклазуглеродных огнеупорных бетонов).
Соли 1991-ӯм намунаҳои антрасити кони Назар-Айлоқро дар Маркази тадқиқоти техникии ш. Эспоои Финландия тадқиқот гузаронидаанд.
ТАВСИФИ СИФАТИИ
- антрасити кони «Назар-Айлоқ»
- Нишондодҳо Миқдор
- Намнокии аналитикӣ 0,78-4,66 %
- Хокистарнокӣ 1,2-4,2 (миёна - 2,8) %
- Сулфур 0,13-0,62 %
- моддаҳои хориҷшаванда 3,0-5,0 %
- Ҳарорати сӯзиш 8394 (35,14 МҶ/кг) ккал/кг
- Карбон 89,27-93,86 %
- Гидроген 3,12-3,54 %
- Нитроген 1,04-1,52 %
- Оксиген 1,81-4,96 %
- Зичи (плотность) 1,47 т/м3
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи Вазорати Энергетикаи ҶТ Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2009 сол.