Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон - Қонуни асосии ҶШС Тоҷикистон, ки сохти чамъиятию давлатии онро иньикос намуда принсипҳои ташкилёбию фаьолияти органҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои гражданҳо системаи интихоботи советиро ба тариқи қонунӣ мустаҳкам мекунад ва барои қонунгузории чумҳурӣ базаи ҳуқуқӣ мебошад.

Нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз лиҳози қонунӣ раванди таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар ҳайати ИҶШС таҳким бахшид.[1]

Мутобиқ ба мафкураи марксистӣ-ленинӣ, нимаи солҳои 30-юми қарни ХХ сотсиализм дар ИҶШС бо пуррагӣ дар доираи як мамлакат ғалаба намуд. Ин маънои онро дошт, ки нақшаи ленинии сохтмони сотсиализм, яъне индустриякунонии сотсиалистӣ, коллективонии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ ва инқилоби маданӣ амалӣ гардида, зарурияти қабули Конститутсияи нав ба миён омад.

Аз ин лиҳоз, мувофиқ ба Конститутсияи соли 1936-уми ИҶШС, 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин Конститутсияи Тоҷикистони шӯравӣ (Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон) 41 сол амал намуд.

Конститутсияи охирини ҶШС Тоҷикистон мутобиқ ба Конститутсияи соли 1977-уми ИҶШС, апрели соли 1978 таҳия ва қабул шуда, бо ворид карда шудани якчанд тағйиру иловаҳо 16 сол ҳамчун Қонуни Асосии Тоҷикистон амал намуд.[2]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих
  2. Сомонаи рӯзномаи Ҳақиқати Суғд/Чароғи раҳнамои ҷомеа