Jump to content

Кордбозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кордбозӣ — як навъи рақси мардонаи ҷанговоронаи тоҷикӣ мебошад.

Тавсифи мухтасар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кордбозӣ рақси қадимаи ҷанговаронаи мардони тоҷик мебошад. Онро одатан як нафар таҳти навозиши доира ё дастаи мутрибон дар тӯю маъракаҳои хурсандӣ иҷро менамояд. Раққос ду кордро ба дастонаш гирифта, бо онҳо чолокона ҳаракатҳои гуногуни рақсироанҷом медиҳад. Иҷрокунанда дар ҷараёни рақс нӯги кордро гоҳ ба чашмонаш, гоҳ ба рухсораҳояш, гоҳ ба миёнаш ва дигар ҷойҳояшназдик мебарад. Ҳаракатҳо чунон чолокона иҷро мегарданд, ки гӯё корд ба ҷойҳои гуногуни рухсора ва баданаш халида истодаанд. Раққос кордҳо дар даст давраро чарх мезанад. Дар маъракаҳои мардумӣ баъди чархзанӣ ӯ дар як ҷо истода, кордҳоро ба нишони муайян мепартофт. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси «Кордбозӣ»-ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ӯ ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ, баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронаро иҷро намуда, ду кордро аз рӯймоли миён берун мекашид. Ӯ рақсида, саҳнаро давр мегашт, кордҳоро ба якдигар мезад, нӯги тези кордро дар пеши рӯй нигоҳ медошт, ду дастҳоро кушода, чарх мерафт, кордҳоро ба нишон мепартофт ва ғайра. Дар ин рақс иҷрокунанда нафақат бо корд бозӣ мекард, балки тамоми баданро ба ҳаракат медаровард. Ӯ бо маҳорати баланд ҳаракатҳои китфҳо, сару пайкар, зарби пой ва дастҳоро ҷасурона бо суръати тез иҷро мекард.[1]

Маҳалли густариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бадахшон, Вилояти Суғд

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 56. – 280 с.