Косок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Косок - харбузаи роғӣ, харбузаи сагак Melo dudaim (Cucumis melo var. agrestis), гиёҳи яксолаи худрӯйест, аз кадуиҳо. Палаки сермӯйаки дароз (30-100 см), барги мудаввар дарозиаш (3-6 см), гули як ё дуҷинса, меваи кулӯлаи сабз, зард ё зарди норанҷӣ ва арғувонии қаҳварангӣ, мағзаш талх (ҳаҷман баробари олу), тухми майдаи дарозрӯяи сафед, зард ё сурхтоб дорад.