Олу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Олу

ОЛУ, як навъ бутта ё дарахти мевадорест. Дар Тоҷикистон 3 хел олуи худруй ва 5 хел олуи 6OFH ё худруйшуда (олуи муқаррарй, кук-султон, заролу, сурхолу) месабзад. Махсусан олуи муқаррариро дар бисьёр кишварҳои ҷаҳон мепарваранд. Олуро барои тайёр кардани компот, мураббо, шарбат, рубъ (повидло), мармелад ва тару тоза истифода мебаранд. Хушк ҳам мекунанд. Олу дар таркибаш аз 9 то 20% қанд, 0,4—Зп'о ҷавҳар, қариб 1% моддаҳои пектинӣ, то 1% моддаҳои даббогй, витаминҳои Bi, B2, С, К, РР, каротин (провитамини А) ва ғайраҳо дорад.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.