Кристиан Бейл
англ. Christian Charles Philip Bale | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Christian Charles Philip Bale |
Таърихи таваллуд: | 30 январ 1974[1][2][3][…] (50 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, садопеша, ҳунарпешаи шахсият, таҳиякунандаи филм, ҳунарпешаи телевизиюн |
Корнома: | 1983 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000288 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кристиан Чарлз Филип Бэйл (англ. Christian Charles Philip Bale ; тав. 30 январи 1974, Ҳаверфордвест, Пемброкешир, Вилз, Британияи Кабир) — ҳунарманди англис. Ӯ барои танаввӯъ ва тағйироти ҷисмонӣ дар нақшҳояш машҳур аст ва дар филмҳои бо жанрҳои мухталиф нақши аввалро бар ӯҳда доштааст. Ӯ ифтихороти гуногуне, аз ҷумла як ҷоизаи Оскар ва ду ҷоизаи Глобуси тилоӣ дарёфт кардааст. Маҷаллаи «Тайм» дар соли 2011 Бейлро яке аз 100 шахс таъсиргузор дар ҷаҳон номид ва дар 2014 номи ӯ дар радабандии «Форбез» аз бозигарони дарёфткунандаи бештарини дастмузд қарор гирифт.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Кристиан Чарлз Филип Бейл 30 январи 1974 аз волидайни инглистони дар Ҳаверфордвест, Пемброкешир ба дунё омад. Падараш Давид Бейл корофрин ва кунишгар буд ва модараш Ҷини Ҷеймз бозигари сирк буд.[5][6]Бейл гуфтааст «Ман дар Вилз ба дунё омадаам, аммо вилзӣ нестам, ман инглистонӣ ҳастам».[7] Ӯ ду хоҳари бузургтар ба номҳои Шорун ва Луиз ва як хоҳари нотанӣ аз издивоҷи аввали падараш ба номи Арин дорад.[5] Яке аз падарбузургҳояш шухипардози рӯи саҳна буд. Бейл ва хонаводааш дар дусолагӣ Вилзро тарк карданд]ва онҳо муддате баъд аз иқомат дар Португалия ва Оксфордшири Англистон, саранҷом дар Борнмут сокин шуданд. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки хонаводааш то 15-солагиаш дар 15 шаҳр зиндагӣ мекарданд; Бейл нақли макони мукаррари хонаводаро ношишуда аз «зарурат ва на фақат интихоб» тавсиф карда ва иқрор шуда, ки ин раванд таъсири зиёде дар интихоби шуғли худ доштааст. Ӯ замоне дар мактаби Борнмут таҳсил мекард ва муддате баъд гуфт, ки дар 16-солагӣ мактабро раҳо кардааст. Волидайни Бейл дар соли 1991 талоқ гирифтанд ва ӯ дар 17-солагӣ ба ҳамроҳи хоҳараш Луиз ва падарашон ба Лос-Анҷелес кӯчиданд.
Бейл дар даврони кӯдакӣ рақси балет омӯхт. Аввалин нақши бозигарии ӯ дар ҳаштсолагӣ буд.
Ҳаёти оилавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]29 январи 2000, Бейл бо модели собиқ Сандра Блазич (Сиби Блазик), рассоми ороиш ва ёвари шахсии Винона Райдер[8][9] издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ ду фарзанд доранд — духтараш Эммалин (тав. 2005)[10][11] ва писараш Юсуф (тав. 2014)[12] .
Мисли падараш, Бейл ҷонибдори фаъоли гурӯҳҳои ҳифзи табиат мебошад.
Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Год | Название на русском | Название на английском | Роль |
---|---|---|---|
1986 | Анастасия: Муъаммои Анна (ТВ) | Anastasia: The Mystery of Anna | Сесаревич Алексей |
1987 | Мио, мой Мио | Mio min Mio | Юм-Юм |
Ҳукумати офтоб | Empire of the Sun | Джим Грэм | |
1989 | Ҳенрии V | Henry V | Писар |
1990 | Ҷазираи ганҷ (ТВ) | Treasure Island | Ҷим Ҳокинс |
1991 | Куштори ҷавонмардона (ТВ) | A Murder of Quality | Тим Перкинс |
1992 | Хабарфурӯшон | Newsies | Ҷек Келли |
1993 | Атфоли свинг | Swing Kids | Томас Бергер |
1994 | Шаҳзодаи Ютланд | Prince of Jutland | Эмлет |
Занони хурдҷусса | Little Women | Лори | |
1995 | Покахонтас (анимационный) | Pocahontas | Томас (садо) |
1996 | Маъмури махфӣ | The Secret Agent | Стиви |
Портрети як бону | The Portrait of a Lady | Эдвард Розер | |
1997 | Метролэнд | Metroland | Крис |
1998 | Бархатная золотая жила | Velvet Goldmine | Артур Стюарт |
Все маленькие животные | All the Little Animals | Бобби Платт | |
1999 | Сон в летнюю ночь | A Midsummer Night’s Dream | Деметрий |
Марям, модари Масеҳ (ТВ) | Mary, Mother of Jesus | Исо | |
2000 | Равоншиноси амрикоӣ | American Psycho | Патрик Бэйтман |
Шафт | Shaft | Уолтер Уэйд | |
2001 | Интихоби капитан Кореллӣ | Captain Corelli’s Mandolin | Мандрас |
2002 | Лорел Канон | Laurel Canyon | Сэм |
Қудрати оташ | Reign of Fire | Куинн | |
Эквилибриум | Equilibrium | Клерик Ҷон Престон | |
2004 | Ходячий замок (анимационный) | Howl’s Moving Castle | Ҳаул (садо) |
Машинист | The Machinist | Тревор Резник | |
2005 | Бэтмен: Оғоз | Batman Begins | Брюс Уэйн / Бэтмен |
Айёми хуб | Harsh Times | Ҷим Дэвиc | |
Замини нав | The New World | Ҷон Ролф | |
2006 | Тулӯът ноҷӣ | Rescue Dawn | Дитер Денглер |
Эътибор | The Prestige | Алфред/Фэлон | |
2007 | Ман он ҷо нестам | I’m Not There | Боб Дилан/Ҷон/Ҷек |
Қатора ба Юм | 3:10 to Yuma | Дэн Эванс | |
2008 | Шаволияи торикӣ | The Dark Knight | Брюс Уэйн / Бэтмен |
2009 | Растагории нобудгар | Terminator: Salvation | Ҷон Коннор |
Джонни Д. | Public Enemies | Мелвин Пёрвис | |
2010 | Ҷанговар | The Fighter | Дик «Дикки» Эклунд |
2011 | Гулҳои ҷанг | The Flowers of War | Ҷон Миллер |
2012 | Шаволияи торикӣ: Оғози устура | The Dark Knight Rises | Брюс Уэйн / Бэтмен |
2013 | Хориҷ аз курра | Out of the Furnace | Рассел Бейз |
Ҳуққабозии амрикоӣ | American Hustle | Ирвинг Розенфельд | |
2014 | Хурӯҷ: Худоён ва подшоҳон | Exodus: Gods and Kings | Мусо |
2015 | Шаволияи ҷомҳо | Knight of Cups | Рик[13] |
Рукуди бузург | The Big Short | Майкл Бюрри | |
2016 | Ваъда | The Promise | Кристофер Майерс |
2017 | Мутахосимон | Hostiles | Капитан Жозеф Блокер |
2018 | Маугли | Mowgli: Legend of the Jungle | Багира |
Қудрат | Vice | Дик Чейни | |
2019 | Ford зидди Ferrari | Ford v. Ferrari | Кен Майлз |
2022 | Тор: Ишқу тундар | Thor: Love and Thunder | Горр кушандаи худоён |
Чашми обии рӯшан | The Pale Blue Eye | Август Лэндор | |
Амстердам | Amsterdam | Берт Берендсен |
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ https://www.esquire.com/uk/culture/film/news/a7424/christian-bale-interview/
- ↑ Krishfield, Richard; Honjoa, Susumu; Takizawa, Takatoshi; Hatakeyama, Kiyoshi (1999). Ice-ocean environmental buoy program : archived data processing and graphical results from April 1992 through November 1998. Woods Hole, MA: Woods Hole Oceanographic Institution.
- ↑ Celebrity birthdays for the week of Jan. 24-30(англ.). AP NEWS (20 April 2021). 12 октябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Yahoo is part of the Yahoo family of brands. consent.yahoo.com. 12 октябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 октябри 2022.
- ↑ Christian Bale Can Count His Wife Among His Wins(пайванди дастнорас — таърих). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 марти 2016.
- ↑ 9 самых крепких браков Голливуда.Кристиан Бэйл и Сиби Блэйзик.(пайванди дастнорас — таърих). 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 марти 2016.
- ↑ Bale Becomes a Father. Wenn. IMDB.com (29 марти 2005). 15 июли 2008 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2012.
- ↑ McLean, Craig. Suit yourself, mate, The Age (29 май 2005). Бойгонӣ шудааст 7 августи 2017 сол. Проверено 15 июли 2008.
- ↑ У Кристиана Бейла и Сиби Блэйзик родился сын(пайванди дастнорас — таърих). 14 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Декабри 2014.
- ↑ Knight of Cups (2014). AllMovie. Rovi Corporation. 5 сентябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2012.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 30 январ
- Зодагони соли 1974
- Зодагони Уэлс
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Садопешамардони Британияи Кабир
- Ҳунарпешамардони синамои Британияи Кабир
- Ҳунарпешакӯдакони Британияи Кабир
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон