Jump to content

Куба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кубо)
Ҷумҳурии Куба
República de Cuba
Парчам Нишон
Шиор: «Patria y Libertad
Ватан ва Озодӣ»
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Куба|La Bayamesa
]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Испания)
Забони расмӣ забони испанӣ
Пойтахт Ҳавана (La Habana)
Шаҳри калонтарин Ҳавана
Идораи давлат ҷумӣурии сотсиалистӣ
Президент Фидел Кастро (Fidel Castro)
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
106-ум ҷой дар ҷaҳон
100 860 км²
{{{Фоизи об}}} %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Зичӣ
70-ум ҷой дар ҷaҳон
11 346 670
112 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2004)
  • Ба сари аҳолӣ
88-ум ҷой дар ҷaҳон
33,92 млрд. $
2989 $
Пули миллӣ Песои Куба
Интернет-Домен .cu
Коди телефон +53
Соат UTC -5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}


Куба (таллафузи исп. ˈkuβa), номи расмияш Ҷумҳурии Куба — ҷазира ва кишварест дар қисми шимолии баҳри Кариб.

Пойтахт ва шаҳри калонтарин — Гавана.

Аҳолӣ тақр. 11,3 млн нафар (соли 2005).

Аввалин шуда аз аврупоиён ба ин ҷо Колумб моҳи октябри соли 1492 омадааст. Соли 1511 Диего Веласкес де Куэляр аҳолии маҳаллиро тобеъ карда, қалъаи Баракоаро сохт ва аввалин губернатори испании Куба шуд. То соли 1898 мустамликаи Испониё буд.

Сиёсат ва ҳукумат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бахшбандии кишварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Куба

Куба аз 14 музофот ва и як сохтори махсуси маъмурӣ (Isla de la Juventud) иборат аст.

  1. Исла де ла Хувентуд (Ҷазираи Ҷавонӣ)
  2. Пинар дел Рио
  3. Ла Ҳавана
  4. Сюдад де ла Ҳавана (Шаҳри Гавана)
  5. Матансас
  6. Сйенфуэгос
  7. Виля Клара
  8. Санкти Спиритус
  1. Сйего де Авила
  2. Камагуэй
  3. Лас Тунас
  4. Гранма
  5. Ҳолгин
  6. Сантяго де Куба
  7. Гуантанамо
Харитаи Куба

Куба дар ҷазираҳои ба гурӯҳи Ҷазираҳои Калони Антил мансуббуда ҷойгир шудааст. Калонтарин ҷазираҳои ин кишвар — Куба ва Хувентуд (номи собиқаш Пинос) мебошанд.

Куба кишвари агро-саноати бо сатҳи пасти рушди иқтисодӣ мебошад. Итқисодиёти Куба намунаи хоси иқтисодиёти плании сотсиолистӣ буда он дар ҳолати бӯҳрони доимӣ қарор дорад. Иқтисодиёти Куба яке аз иқтисодиётҳои милликунонидашуда дар љањон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои аввали инқилоб(1959) бисёре аз корхонаҳои кишоварзӣ, саноатӣ ба моликияти давлатӣ ва як қисми зиёди муассисаҳои моливӣ ба зери идораи давлатӣ гузаштанд. Эмбаргое (манъ), ки аз тарафи ИМА қабул шудааст сари роҳи воридот ва содироти иқтисодиёти Куба гаштааст. То охири солҳои 80-уми асри гузашта Куба бо дастгирии иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати иқтисодии худро пеш мебурд. Аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Куба техникаи гуногун, ашёи хом, ғалладона содирот карда мешуд.

Баъд аз пош хӯрдани ИЧШС иқтисодиёти Куба рӯ ба таназзул ниҳод. Соли 1993 гардиши савдои Куба бо собиқ кишварҳои лагери сотсиолистӣ 15 % кам шуд. Ѓайр аз ин Русияи озод содирот кардани нафт ва маҳсулотҳои нафтиро ба Куба қатъиян манъ намуд. Дефисит (норасои) -и шадиди нафт ба он оварда расонд, ки маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш ефта даромади содироти кам шуд. Дар ин вазъият ҳукумати Куба барои барқарор кардани иқтисодиёти худ маҷбур шуд, ки як қатор чораҳои зарури андешад. Аз ҷумла ба деҳқонони Куба иҷозат дода шуд, ки маҳсулоти зиёдатии худро бо нархи худ фурушанд ва ин ба коҳиш додани норасогии ғизо оварда расонд. Илова бар ин ҳукумати мамлакат дарҳои худро ба сайёҳон кушода ва ба муомилоти долларри ИМА дар кишвар иҷозат дод.

Имрӯзҳо дар Куба ба ғайр аз моликияти давлатӣ инчунин моликияти кооперативӣ ва хусусӣ рушд ёфта истодааст. Соҳаи асосии иқтисодиёти Куба саноати шакар(9-млн т. дар як сол) ба ҳисоб меравад. Дар кишвар тақрибан 170 корхонаи коркарди шакар амал менамояд. Саноати сабук ва хӯроквори, чорводори ва моҳидори рушд ёфта истодааст. Дар мамлакат корхонаҳои металлургияи ранга ва сиёҳ, мошинсозӣ, факбрикаҳои тамокубарори ва ду заводи коркарди нафт фаъолият менамоянд.

Содироти асосии Куба: шакар, никел, тамоку, доруворӣ, меваҳои ситрусӣ, қаҳва. Шарикони асосии содиротӣ: Чин, Канада, Испания, Нидерландия Моҳи ноябри соли 2004 дар ҷараёни сафари Президенти Хитой ба Куба шартнома баста шуд, ки мувофиқи ин шартнома Хитой ба саноати никели Куба 500 млн доллар маблағгузори менамояд. Моҳи январи соли 2008 бошад Президенти Бразилия Лула да Силва ҳангоми сафари худ ба Куба эълон кард, ки барои кашфи конҳои карбогидрид 500млн $ маблағгузори мекунад.

Воридоти асосии Куба: маҳсулоти нафтӣ, озуқаворӣ, таљҳизоти саноатӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ Шарикони асосии воридот: Венесуэла, Хитой, Испания, ИМА Инчунин яке аз шарикони асосии тиҷоратии Куба — Русия мебошад, ки бузургтарин воридоткунандаи шакар ба ҳисоб меравад. Асоси муносибатҳои иқтисодии Русия ва Кубаро бартери нефт бо шакар ташкил медиҳад.

Фарҳанг ва маориф

[вироиш | вироиши манбаъ]