Jump to content

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Логотипи КМОТ

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон — ташкилот, муаррифгари Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии олимпӣ.

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон (кӯчаи Айнӣ, 24) соли 1992 ташкил шудааст. Соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шудааст. Ҳамчунин, узви Шӯрои олимпии Осиё, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Федератсияи Бозиҳои исломӣ мебошад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро Президенти Кумита роҳбарӣ мекунад. Президентро мақоми олии роҳбарикунандаи Кумита – Ассамблеяи генералӣ интихоб менамояд.

Кумитаро дар солҳои гуногун Сатторов Абдуҷаббор, Иброҳим Ҳасанов , Бурихон Ҷобиров , Баҳрулло Раҷабалиев роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2009 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд. [1]

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон баргузор шуд, иштирок кард. Дар бозиҳои олимпӣ бошад, аввалин маротиба зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 (Атланта, ШМА) ширкат намуд. Варзишгарони тоҷик то соли 2017 дар Бозиҳои Осиё 21 медал ва дар Бозиҳои олимпӣ 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Дастовардҳои варзишгарон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин медали (биринҷӣ) Бозиҳои Осиёро бошад, Хайрулло Назриев дар намуди дзюдо (соли 1994, Хиросима) сазовор гаштааст. Умуман, варзишгарони мо дар Бозиҳои Осиё 4 медали тилло, 3 нуқра, 14 биринҷӣ ба даст овардаанд. 3 медали тилло ба гурандоз Дилшод Назаров ва 1 медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов мансуб аст.

Варзишгарони Тоҷикистонӣ дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ низ дар Бозиҳои олимпӣ иштирок карда, 4 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст овардаанд. Аввалин маротиба дар Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон соли 1960 дар Рим қайиқрон Иброҳим Ҳасанов ширкат кард. Медалҳои тиллоро қайиқрон Юрий Лобанов (Мюнхен, 1972), дар намуди панҷҳарба Анатолий Старостин (Москва, 1980, ду карат – инфиродӣ ва даставӣ) ва гурзпарто Андрей Абдувалиев (Барселона, 1992) сазовор гаштаанд. Медалҳои биринҷӣ бошад, ба камонвар Зебунисо Рустамова (Монреал, 1976) ва қайиқрон Юрий Лобанов (Москва, 1980) мансуб аст.[2]


Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ИДМ дар Бозиҳои олимпӣ (Барселона, 1992) ширкат намуданд ва Андрей Абдувалиев медали тило ба даст овард. Ҳамчунин 6 варзишгари тоҷик ширкатдори Бозиҳои олимпӣ (Атланта, 1996) буданд. Аввалин бор бо дастаи мустақил Х. Назриев, С. Раҳимов, Р. Боқиев (дзю–до),

Р. Дгварели (гӯштини тарзи юнонӣ–румӣ), Х. Ҳасанов (бокс), А. Абдувалиев (варзиши сабук), Н. Шлемова ва С. Орин (ҷаҳидан ба об) ҳунарнамоӣ карданд. Натиҷаи беҳтарини даста – Р. Дгварели (ҷои 9-ум). Дар Бозиҳои олимпии XXVI (Сидней, 2000) 4 варзишгар ширкат дошт: Г. Дадобоева ва С. Забавский (пойга), К. Измайилова ва Ф. Орифов (шиноварӣ). Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Бозиҳои олимпии зимистонӣ (Солт-Лейк-Сити, 2002) ва бозиҳои супер-гигант ва слалом-гигант ҳунарнамоӣ карданд. Ба варзишгарони тоҷик ба даст овардани 9 роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ (Афина, 2004) дар намудҳои зерини варзиш муяссар гардид: гуштини тарзи озод (Ш. Алиев, Ю. Абдусаломов); гуштини тарзи озод, занон (Н. Иванова, Л. Карамчакова); камонварӣ (Н. Набиева); варзиши сабук (Г. Дадобоева); муштзанӣ (Ш. Достиев); тирпаронӣ (С. Бабиков), гурзандозӣ (Дилшод Назаров, РИО–2016, медали тило). Р. Боқиев (Пекин, 2008), ҷои сеюм, медали биринҷӣ ва М. Чориева (Лондон, 2012), ҷои сеюм, соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Аввалин медали Бозиҳои олимпиро Расул Боқиев сазовор шуд. Ӯ дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 (Чин) дар намуди дзюдо (вазни -73 кг) медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дуюмро (нуқра) дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов дар намуди гуштини озод (вазни -84 кг) гирифт. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон (вазни -60 кг) сазовори медали биринҷӣ шуд. Соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба Тоҷикистон овард.

  1. Таърих(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.
  2. Таърих(тоҷ.). ifppanrt.tj (2022). 5 май 2024 санҷида шуд.