Jump to content

Расул Боқиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Расул Боқиев Бозиҳои олимпӣ
Расул Боқиев - кӯштигири тоҷикРасул Боқиев - кӯштигири тоҷик
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Боқиев Расул Худойназарович
Кишвар  Тоҷикистон Русия
Тахассус ҷудокор
Зодрӯз 29 сентябр 1982(1982-09-29)[1] (42 сол)
Зодгоҳ райони Ленин, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Мураббӣ Владимир Елчанинов, Худойназар Боқиев
Қад 175 сантиметр
Вазн 73 кг

Расул Боқиев (Боқиев Расул Худойназарович; зод. 29 сентябри 1982, шаҳраки Сомониён, ноҳияи Рӯдакӣ) — куштигир, ҷудокори тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии тобистона 2008 дар шаҳри Пекин, барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон (2007, 2010, 2011 ва 2012), қаҳрамони Русия (2009). Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар кӯштии қураш (2006) ва ҷуду (2007). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии ҷуду, қураш, самбо, «кӯштгирӣ». Яке аз чаҳор медаловари Бозиҳои олимпӣ дар таърихи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Боқиев Расул Худойназарович 29 сентябри соли 1982 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2004). Аз соли 2004 мураббии Мактаби махсуси варзишии ҷудуи ноҳияи Рӯдакӣ. Нозукиҳои куштӣи миллӣ ва ҷудуро аз падараш — Мураббии хидматнишондодаи варзиши ҶШС Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст.

Шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошта, феълан дар Русия зиндагӣ дорад.

Қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба куштӣи ҷуду ва самбо, қураш ва «куштигирӣ». Ширкатдори қаҳрамониҳои Осиё, ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ. Соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (ш. Душанбе) дар бахши куштӣи ҷуду соҳиби ҷойи дуввум ва дар куштӣи миллии қураш сазовори ҷойи аввал ва медали тило гашт. Соли 2005 дар Қаҳрамонии Осиё (ш. Тошканд) дар бахши куштӣи ҷуду соҳиби медали биринҷӣ ва дар куштӣи миллии қураш қаҳрамони ҷаҳон шуд. Худи ҳамин сол дар мусобиқаи байналмилалии Федератсияи Русия (ш. Йошкар-Ола) ғолиб омада, медали тилоро гирифт. Соли 2006 дар мусобиқаи Ҷоми ифтихории ҷаҳон (ш. Гамбурги Олмон) сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, дар мусобиқаҳои байналмилалии Итолиё (Рум) ва Қазоқистон (ш. Алмаата) соҳиби ҷойи якум ва медали тило гардид. Дар Бозиҳои Осиё (2006, давлати Қатар) дар бахши куштӣи ҷуду медали биринҷӣ ва дар Қаҳрамонии Осиё (2007, Кувайт) медали нуқраро соҳиб шуд. Соли 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия (ш. Рио-де-Жанейро) сазовори ҷойи севвум ва медали биринҷӣ гашта, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифт. Соли 2008 дар Бозиҳои ХХIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши куштӣи ҷуду соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Қаҳрамони Федератсияи Русия оид ба куштӣи ҷуду (2009, шаҳри Налчик). Ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар давлати Тунис (2010), шаҳри Қоҳираи Миср (2010) ва шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия (2011). Ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон (2012).

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

  • Боқиев Расул Худойназарович‎ / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.