Дилшод Назаров
Дилшод Назаров ![]() |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
![]() Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Рио-2016. |
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Иттилооти умумӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Номи пурра |
Назаров Дилшод Ҷамолиддинович |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Сана ва маҳалли таваллуд | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Шаҳрвандӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Қад |
187 см |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Вазн |
120 кг |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
IAAF | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Рекордҳои шахсӣ | ||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Гурзпартоӣ |
80,71 м |
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Медалҳои байналмилалӣ
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|
||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
Азнавсозии охирин: 26 августи 2016 |
Дилшод Назаров (Назаров Дилшод Ҷамолиддинович; 6 майи соли 1982, Душанбе) — гурзпартои тоҷик, чемпиони олимпӣ дар бозиҳои Рио-де-Жанейро, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001), Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]
Мундариҷа
Зиндагинома[вироиш]
6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Мураббиёнаш - модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст. Оиладор аст ва ду фарзанд дорад.
Бозиҳои Осиё[вироиш]
Дилшод Назаров қаҳрамони секаратаи Бозиҳои Осиё, аз ҷумла Бозиҳои XVII Осиё аст.[2].
Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук[вироиш]
23 августи соли 2015 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои ҷаҳонӣ оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин соҳиби ҷойизаи дуюм гардид. Ӯ якумин аз варзишгарони тоҷикистониест, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-Дежанейрои Бразилия (соли 2016) роҳхат гирифт.[3]
Бозиҳои олимпӣ[вироиш]
Иштирок дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 барои Назаров бори чорум буд. Бори нахуст ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Афина-2004, бори дуюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Пекин-2008 (ҷойи 11 дар гурзандозӣ) ва бори сеюм дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Лондон-2012 ширкат варзида соҳиби ҷойи 10 дар гурзандозӣ гардидааст.[3]
Бозиҳои олимпии тобистона 2016[вироиш]
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.[4]
Рӯзи 16 август рӯйхати ширкатдорони мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия эълон шуд. Мусобиқоти интихобӣ миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ – A ва B – барпо гардид. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Булғористон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок карданд.
Ба гурӯҳи В варзишгарон аз Булғористон ва Британияи Кабир (дунафарӣ), аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбакистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Булғористон, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон (якнафарӣ) шомил буданд.[5]
Мусобиқоти гурӯҳи В рӯзи 17 август соати 11:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:05 ба вақти Душанбе) шуруъ шуд. Дилшод Назаров дар навбати сездаҳум ва таҳти рақами 2967 рақобат кард.
Натиҷаи мусобиқоти интихобӣ[вироиш]
Дилшод Назаров дар мусобиқоти интихобӣ гурзро ба масофаи 76 метру 39 сантиметр партофта, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар ҷойи севум қарор гирифта[6] ба даври ниҳоии сабқати гурзандозҳо дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳ ёфт.
Дар ин гурӯҳ варзишгари Лаҳистон Войтсех Новитский бо натиҷаи 77.64 метр мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дувум бо натиҷаи 76.51 метр насиби Иван Тихон аз Беларус гардид.
Натиҷаи мусобиқоти финалӣ[вироиш]

Мусобиқоти ниҳоӣ шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурӯъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.
Варзишгари Беларус Иван Тихон бо нишондоди 77,79 метр ҷои дувумро гирифт ва намояндаи Лаҳистон Войтсех Новитски гурзро ба масофаи 77,73 метр ҳаво дод ва медали биринҷӣ ба даст овард.
Барои медалҳо 12 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 11 кишвар, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ маълум шудаанд, мубориза бурданд. Ин сабқат миёни Иван Тихон (Беларус), Диего дел Реал (Мексика), Кристиан Парс (Венгрия), Марсел Ломински (Словакия), Давид Содерберг (Финляндия), Вагнер Домингос (Бразилия), Сергей Маргиев (Молдова), Ашраф Амғад Ал Сайфӣ (Қатар), Сергей Коломоетс (Беларус), Войтсех Новитски (Полша), Евгений Виноградов (Украина) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон) сурат гирифт. Дилшод Назарови 34-сола, ки навбаташ охирин буд, таҳти рақами 2967 рақобат кард.
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Дилошод Назаров[вироиш]
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллоии Бозиҳои олимпии тобистона 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш, табрику таҳният гуфт.[7]
Мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон[вироиш]
Шоми 26 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгари Дилшод Назаровро, ки баъди иштирок ва ба даст овардани медали тилоии Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро-2016 дар бахши гурзандозӣ ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон Дилшод Назаровро барои дастоварди олии варзишӣ самимона табрик гуфта барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипосу минатдорӣ намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де- Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров 300 000 сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.[8]
Ҷоизаву мукофотҳо[вироиш]
- Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ 28 августи соли 2015 Раҳмон Дилшод Назаров барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз намуда гардидааст.[9]
- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст[8].
Нигаред[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ↑ Медали тилои Дилшод Назаров - нахустин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё
- ↑ 3.0 3.1 Дилшод Назаров получил медаль и $30 тыс на чемпионате мира
- ↑ Дилшод Назаров дар Финляндия дувум шуд
- ↑ Рақибони Дилшод Назаров маълум шуданд — Радиои Озодӣ
- ↑ Men's Hammer Throw Qualifying Round. Results — Rio-2016
- ↑ Пешвои миллат Дилшод Назаровро бо медали тиллоии Бозиҳои олимпӣ табрик намуд — Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
- ↑ 8.0 8.1 Супоридани мукофоти давлатӣ ва тақдими ҷоизаи пулӣ ба варзишгар Дилшод Назаров — PRESIDENT.TJ
- ↑ Дильшод Назаров получил из рук Президента Таджикистана орден Шараф II степени
Пайвандҳои беруна[вироиш]
- Дилшод Назаров — саҳифа дар сайти IAAF (англ.)
- Дилшод Назаров — омори олимпӣ дар сайти Sports-Reference.com (англ.)
- Ба қаҳрамонҳои Бозиҳои Осиёӣ мукофоти пулӣ эҳдо шуд
- Варзишгари тоҷик ба бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт