Кусавлисой
Мамнӯъгоҳи «Кусавлисой» — мамнуъгоҳи давлатии ботаникӣ дар шимоли Тоҷикистон аст. Соли 1959 таъсис ёфтааст. Масоҳат — 200 километри мураббаъ (20 хазор гектар). Он дар водии дарёи Кусавлӣ, шохоби рости Олтикӯл, дар нишебиҳои шимолии қисми ғарбии қаторкӯҳи Туркистон, дар шимоли ағбаи Шаҳристон қад-қади роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ҷойгир аст. Дар ғарб он ба сарҳади давлатӣ бо Узбакистон мерасад ва дар паси он боғи миллии Зомин ҷойгир аст. Баландии мутлақ аз сатҳи баҳр аз 2300 то 2700—3000 метр мерасад. Нишебии шимолии қаторкӯҳи Туркистон хеле санглох аст. Мақсад аз ташкили мамнӯъгоҳ муҳофизати ҷангали арчаҳои «Бешаи арча» мебошад. Растаниҳо бо се намуди арчаҳо ифода карда мешаванд: сершумор, қазоқӣ ва нимкурагӣ. Фаунаи мамнуъгох хеле бой аст. Дар ҷангалҳои арча харгӯшҳои толай, хирс, хуки ваҳшӣ, ғурм, бӯзи кӯҳӣ ва дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Оҳӯи бухороӣ паҳн карда шуд[1]. Нишебиҳои нарми кӯҳҳо ва водиҳои байникӯҳӣ бо омехтаи мушол, сӯзанбарг (эфедра) ва буттаҳои дигар, ҷангали арчаҳои хуб нигоҳ дошта шудааст. Дар нишебиҳои ҷанубии кӯҳҳо гулзорҳои зиёди садбарги худрӯй мавҷуданд. Растаниҳои алафӣ (комплекси кӯҳию даштӣ дар болои бешаҳои арча) хеле фаровон буда, барои охуҳо базаи хуби ғизоӣ мебошад. Соли 1975 ба мамнӯъгоҳи Кусавлисой 13 cap оҳӯи ҷавон оварда шуданд[2]. Дар соли 2006, мамнӯъгоҳ номзад ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шуд[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Х. М. Саидмурадов, А. П. Недзвецкий, Г. П. Винниченко и др. Таджикистан : (Природа и природные ресурсы) / Отв. ред. Х. М. Саидмурадов, К. В. Станюкович. — Душанбе: Дониш, 1982. — С. 523. — 601 с.
- ↑ Красная книга Узбекской ССР: Редкие и находящиеся под угрозой исчезновения виды животных и растений / [Г. К. Камилов и др.]. — Ташкент: Фан, 1983. — Т. 1. Позвоночные животные. — С. 35. — 128 с.
- ↑ Zakaznik Kusavlisay(англ.). UNESCO World Heritage Centre(пайванди дастнорас — таърих). United Nations (2019). 21 май 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июни 2019.