Кӯли қувон (балет)
Зоҳир
«Кӯли қувон» — балети композитори барҷастаи рус П.И. Чайковский буда, он бори нахуст дар с. 1877 дар Театри Калони Москва ба саҳна гузошта шудааст. Он аввалин намунаи барҷастаи жанри балет дар санъати мусиқии русӣ ба ҳисоб меравад. Сюжети як қиссаи қадимиро ба асос гирифта, Чайковский партитураи балетро офарид. «Кӯли қувон» дар саҳнаи бештари театрҳои мусиқии давраи Шӯравӣ, ҳамчунин дар репертуари ҳайатҳои балети хориҷӣ гузошта шудаанд. Бисёр порчаҳо аз ин балет (Сарахбор, Валс, Рақси қувони хурдтарак, Чардаш ва ғайра) машҳур буда, зуд-зуд дар саҳнаҳои консертӣ ва ба воситаи радио садо медиҳанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.196. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)