Jump to content

Кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров — яке аз кӯчаҳои дарозтарини шаҳри Душанбе — пойтахти ҷумхурӣ ба шумор меравад, ки пештар «40-солагии Тоҷикистон» ном дошт. Кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар қад-қади дарёи Душанбе, рост дар маркази географии шаҳр воқеъ аст.

Дарозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров қариб 9 километр ва бараш дар баъзе ҷойхо ба 15—20 метр мерасад. Кӯча аз шимол оғоз ёфта, дар ҷануб ба охир мерасад. Аз шимол бо хиёбони Саъдии Шерозӣ пайваст шуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба охир мерасад. Дар охири кӯча 2 пайраҳа мавҷуд аст, ки яке ба самти маркази ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре ба самти шаҳри Ваҳдат меравад.

Кӯча ба шарафи ходими ҳизбиву давлатӣ — раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1961—1973 гузошта шудааст. Ӯ соли 1913 дар ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1984 дар Душанбе вафот кардааст.

Аз кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров микроавтобусҳои № 11, 44, 1, 5, 14 ва аз қисми шимолиаш микроавтобусҳои № 13, 33 ва 2 мегузаранд.

Сохтмону муассисаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар қад-қади кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров муассисаҳои зерин воқеъ гардидаанд:

  • Корхонаи коркарди гӯшт (Мяскомбинат);
  • Тарабхонаи Урумчӣ;
  • Тарабхонаи «Файзия»;
  • Автосалони Hyundai;
  • Тарабхонаи Шоира Люкс;
  • Тарабхонаи 1001.

Кӯчаҳои ҳамшафат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров кӯчаҳои зерини шаҳри Душанберо мепайвандад: