Абдулаҳад Қаҳҳоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдулаҳад Қаҳҳоров
 
Саннаи таваллуд: 17 апрел 1913(1913-04-17)
Марг: 12 феврал 1984(1984-02-12) (70 сол)
Маҳалли дафн:
Ҳизб: Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шӯравӣ

Абдулаҳад Қаҳҳоров – ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (19.06.1961 - 20.07.1973), узви бюрои КМ ҲК Тоҷикистон (1961 - 1973). Узви ҲКИШ аз соли 1939.

Зиндагинома[вироиш]

Абдулаҳад Қаҳҳоров 17 апрели соли 1913 дар ш. Конибодом ба дунё омадааст. Соли 1954 Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров ва соли 1956 Курси яксолаи бозомӯзии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравии назди КМ ҲКИШ (1956) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз ибтидои солҳои 30-ӯм ҳамчун нозири шӯъбаи меҳнати округи Қӯқанд, раиси кумитаи соҳавии иттифоқи касабаи сохтмончиёни шаҳри Конибодом, раиси иттифоқи касабаи комбинати консервбарорӣ саркарда, сипас ба ҳайси котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Панҷакент, мудири шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиктранс», ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент, мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии Кумитаи ҳизбии ноҳияи Панҷакент (1935-1942) кор кардааст ва хамин сол ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ҳимояи халқу диёраш ҷангидааст А. Қаҳҳоров пас аз хидмати аскари дар вазифаҳои масъули ҷонишини мудири шӯъбаи тарғиботӣ ва ташвиқотии вилояти, котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияҳои Колхозчиён (ҳоло ноҳияи Айнӣ) ва Нов (ҳоло Спитамен) (1943-1947), котиб, котиби дуюми Кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод (1947 – 1954), раиси комиҷроияи вилояити Ленинобод (1954-1955) кор кардааст. Дар соли 1955 Абдулаҳад Қаҳҳоров ба курси яксолаи азнавтайёркунии коркунони роҳбарикунандаи ҳизбию шӯравии назди КМ ҲКИШ фиристода мешавад. Баъди хатми курси яксола, аз соли 1956 сар карда, Абдулаҳад Қаҳҳоров дар вазифаҳои - ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон ва ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Тоҷикистон (1956 – 1961), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1961 – 1973) адои вазифа намудааст. Аз соли 1973, дар синни 60 солаги ба нафақа баромада ҳамчун сардори Идораи бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1974 - 1984 кор кардааст. 12 феврали соли 1984 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Мукофоту ҷоизаҳо[вироиш]

  • Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1983),
  • 3 ордени Ленин,
  • ордени Инқилоби Октябр,
  • 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2),
  • медалҳо ва Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Абдулаҳад Қаҳҳоров вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Муаллифи мақолаву китобҳои зиёдест дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ аст.[1]

Дар бораи Абдулаҳад Қаҳҳоров[вироиш]

Ходими давлатӣ ва ҷамъияти Муллокомил Саъдуллоев Абдулаҳад Қаҳҳоровро

«яке забардасттарин арбоби давлатӣ, яке аз бузургтарин ва фарзонатарин фарзанди миллатамон» номида буд. Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ аз зумраи сарвароне буд, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти меҳнатиаш барои мардум дарси ибрат буд. Маҳз ҳамин хоксории эшон буд, ки миёни мардум маҳбубият ва маъруфият пайдо кард.»

[2] А.Қаҳҳоров ба таъбири аксари бузургон, аз роҳбарони хирадманду фозил буданд. Олими барҷастаи Эрон Бадеъуззамони Фурӯзонфар баъди баргаштан аз ҷашни 550 -солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, соли 1964 аз суҳбатҳои А.Қаҳҳоров ба ваҷд омада, чунин навишта буд:

«Дар байни роҳбарони воломақоми Тоҷикистон Садри Аъзами он Абдулаҳад Қаҳҳоров аз дигарон донишманду бофарҳангтар ба чашм мехӯрд.»

[3]

Некдошт[вироиш]

Ба муносибати таҷлили 100 солагии рӯзи таваллуди арбоби давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои шоён, яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров номгузорӣ карда шудааст.[4]

Эзоҳ[вироиш]

  1. [Вазирони корҳои хориҷи, Абдулаҳад Қаҳҳоров http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html]
  2. [Номбардорони асил, Фараж.tj http://faraj.tj/life/3497-nombardoroni-asil.html]
  3. [Ному кори ӯ ҷовидонист,sadoimardum.tjhttp://sadoimardum.tj/minta-a-o/viloyati-su-d/nomu-kori-ovidonist/]
  4. [Таҷлили 100 - солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров дар Хуҷанд,sugd.tj http://sugd.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=658]

Адабиёт[вироиш]

  • Усмонҷон Fаффоров. Абдулаҳад Қаҳҳоров. - Душанбе,2009.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]