Кӯҳҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

93% фисади Тоҷикистонро куҳҳо ташкил намуда, ҳамаги 7% фисади он ҳамворӣ мебошад. Тоҷикистон – мамлакати кӯҳу дарёҳо номида шудааст. Бесснежная попа Чимтарги.jpg кӯҳҳои суғд

Масоҳати калони мамлакатро кӯҳу манотиқ ишғол намуда, он аз қаторкӯҳҳои Помир ва Тён-Шон иборат аст. Баландии ин қаторкӯҳҳо аз рӯи мавқеъ мухталиф аст. Дар бархе ҷойҳо баландии кӯҳҳо 300 м аст, аммо дар ҷои дигар бошад, ба 7 ҳазозу 495 м мерасад. Дар сарҳади шимолӣ хамиши Фарғона, дарозиаш 300 км ва бараш то 170 км ҷойгир шудааст. Дарозии бузургтарин аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ 700 км, аз шимол ба ҷануб 350 км-ро ташкил медиҳад. Иқлими континенталӣ бо тағйиротҳои калони шабонарӯзӣ ва мавсимии ҳарорати ҳаво, миқдори ками боришот, хушкии ҳаво ва камабрӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи январ аз +2 то −2С дар водиҳо ва қаторкӯҳҳои ҷанубу ғарб ва шимоли ҷумҳурӣ то −20Стағйир меёбад ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати пасттарин то −63С дар Помир (Бурункул) мерасад. Ҳарорати миёна дар моҳи июл дар водиҳои ҷанубу ғарб аз 30С боло то 0С ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати баландтарин ба 48С (Панҷи поён) баробар аст.

Тоҷикистон

Мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои табиӣ Дар соли 2004 ҳамаи ҳудудҳои ҳифзшавандаи табии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масоҳати 3,1 млн га ё 22 % масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва 4 мамнӯъгоҳи масоҳати умумиашон 173418 га, 13 минтақаи парваришгоҳ дар масоҳати 313260 га, 1 боғи миллии масоҳати умумиаш 2,6 га, 1 минтақаи таърихӣ-табиӣ — 3000 га ва 1 минтақаи табиӣ — 3805 га дар бар мегиранд. Мамнӯъгоҳҳо: «Бешаи палангон» (масоҳат— 49700 га); «Ромит» (масоҳат— 16100 га); «Даштиҷум» (масоҳат— 19700 га); «Зоркӯл» (масоҳат— 87700 га). Боғҳои миллӣ ва минтақаҳои табиӣ: Боғи Миллии Тоҷикистон Минтақаи таърихӣ-табиии Ширкент Минтақаи табиии Сари Хосор Кӯлҳо Кӯлҳои калонтарин — Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Зоркӯл, обанбори Қайраққум. Конҳо Дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке аз калонтарин конҳои нуқра — Кони Калони Мансур ҷойгир шудааст.

Фон[вироиш]

Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, аз ҷумла дарёи Шинг аз миёни водиву дараҳои танги кӯҳсорон ҷорӣ гардида, дар макони обгурези дарёҳо дар кӯлҳои дар ин ҳавзабуда танзим мешавад. Дар мавзеи гирду атроф дарахтони тӯс, ангат, сафедор, бутаи зирк, настаран, қот ва табулға руста, кӯҳдоман ва дараҳо бо рустаниҳои марғзорӣ, теппагӣ ва нимбиёбонӣ, аз қабили сечак, астрагал, пиёз, явшон, пудина, ҳулбӯй, тимён ва амсоли ин пӯшонида шудааст.

Эзоҳ[вироиш]