Ҷуғрофиёи Тоҷикистон

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст. Роҳи баромадан ба баҳр надорад.
Дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.
Мавқеӣ ҷуғрофӣ ва табиӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
93 фисади Тоҷикистонро куҳҳо ташкил намуда, ҳамаги 7 фисади он ҳамворӣ мебошад. Тоҷикистон – мамлакати кӯҳу дарёҳо номида шудааст.
Кӯҳҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Масоҳати калони мамлакатро кӯҳу манотиқ ишғол намуда, он аз қаторкӯҳҳои Помир ва Тён-Шон иборат аст. Баландии ин қаторкӯҳҳо аз рӯи мавқеъ мухталиф аст. Дар бархе ҷойҳо баландии кӯҳҳо 300 м аст, аммо дар ҷои дигар бошад, ба 7 ҳазозу 495 м мерасад. Ин тафовути баландӣ байни кӯҳҳо шароити обу ҳавои мамлакатро зудтағйирёбанда намудааст.
Дарёҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Як қисмати мамлакатро қаторкӯҳҳои Помир ташкил намуда, дар натиҷа пайдо гаштани дарёҳои тезоб ва кӯлҳои васеъро ба вуҷуд меорад. Калонтарин дарёҳои мамлакат Амударё, Сирдарё, Зарафшон, Вахш ва Панҷ ба шумор меравад.
Кӯлҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Қарокӯл дар байни кӯлҳо калонтарин аст. Он дар қисмати шарқии Помир воқеъ аст. Масоҳати ин кӯли шӯри пӯшида 380 км мураббаъ аст. Кӯли Сарез дар қисмати ғарбии Помир ҷойгир шуда, амиқтарин кӯли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии кӯли мазкур 86,5 км мураббаъ буда, чуқуриаш 490 м аст. Афзун бар ин, оби кӯли номбурда дар Осиё муҳимтарин аст.
Пиряхҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Калонтарин пиряхи Тоҷикистон – Федченко ном дошта, дарозиаш 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 м мебошад. Иқлими Тоҷикистон аз рӯи тафовути минтақаҳо ва баландиҳои мухталиф тағйирёбанда аст. Дар фасли зимистон ҳарорати мӯътадили водӣ аз сифр то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар минтақаҳои баланд ҳарорат паст буда, аз сифр то 27 дараҷа хунук хоҳад шуд