Феҳристи мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон
Мамнӯъгоҳҳои табиӣ — ин маҷмӯи ёдгориҳое мебошад, ки дар натиҷаи рушди эволюционии табиат пайдо ва ошкор гардидаанд. Ин гуна ёдгориҳо аз тарафи одамон ҳамчун ёдгории аҳамияти таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ дошта эътироф гардидаанд: масалан мавзеъҳои табиӣи Боғи миллии Тоҷикистон, Чилдухтарон (кӯҳ), Искандаркӯл, кӯли Сарез, Чилучорчашма, Сари Хосор, Ҳафткӯл ва ғайраҳо. Роҷеъ ба ҳар яке аз ин ёдгориҳо ривоятҳо ҷой доранд, ки онҳо аҳамияти илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ доранд. Ин гуна мавзеъҳо макони сайёҳӣ буда диққати сайёҳонро бештар ҷалб месозанд.
Барои танзими раванди ҳифз ва истифодаи мероси табиӣ дар ҷумҳурӣ Боғи миллии Тоҷикистон, мамнӯъгоҳҳои табиӣ ва якчанд мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда вуҷуд доранд.
Дар Тоҷикистон ҳоло мамнўъгоҳҳои зерин:
- Бешаи палангон (масоҳаташ 49700 га),
- Ромит (масоҳаташ — 16200 га),
- Даштиҷум (масоҳаташ −19700 га),
- Зоркӯл (масоҳаташ — 87700 га)
ва парваришгоҳҳо дар ҳифз ва истифодаи мероси табии ҷумҳурӣ мебошанд.[1]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012, с. 20.