Jump to content

Кӯҳҳои Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯҳҳо Тоҷикистон)
Қуллаи Исмоили Сомонӣ

Кӯҳҳои Тоҷикистон 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол менамоянд, ки ба системаи кӯҳҳои баландтарини Осиёи Марказӣ — Тиёншон ва Помир мансубанд. Тақрибан нисфи ҳудуди Тоҷикистон дар баландии зиёда аз 3 000 м ҷойгир шудааст.

Кӯҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногун ташаккулу пай­­­­до шудаанд. Баъзе аз онҳо чандин маротиба дучори ҳа­ра­катҳои тектоникӣ гардидаанд. Масалан, силси­лакӯҳ­ҳои Қу­ра­ма ва Ҳисору Олой дар давраи палеозой, дар на­тиҷаи пай­­доиши чинҳои давраҳои каледонию ҳерсинӣ ташаккул ёфтаанд. Ин кӯҳҳо аз варақсангҳои палеозойи поин, ҷинс­ҳои карбонатию терригении девони миёна — кар­бони по­ин, ҷинсҳои вулкании палеозойи боло ва ҷинсҳои грани­тии то девону палеозойи боло иборатанд. Кӯҳҳои дав­раи палеозой, ки садҳо миллион сол вуҷуд доштанд, тад­риҷан шуста шуда, ба ҳамвориҳои теппадор табдил ёф­танд. Дар эраҳои мезозой, кайнозой дар ҳудуди мин­та­қаҳо таҳшинҳои плат­формаӣ ҷамъ омадаанд, ки онҳо аз ҳаракатҳои текто­ни­кии алпӣ чиндор шуда, боиси пайдоиши релйефи ҳо­зи­раи Ҳисору Олой гардидаанд. Дар давраи кайнозой сил­силакӯҳҳое, ки Помирро аз тарафи шимол иҳота кардаанд, сар афрохтаанд. Ҷунбиш (ҳаракат)-ҳои нави орогенӣ бои­­си пайдоиши тарқишҳо дар сохтҳои нисбатан қадими кӯ­ҳӣ ва баландшавии нобаробари хар­сангҳо, дар баъзе маҳалҳо боиси пастшавии онҳо гардида­анд. Бахусус, силсилакӯҳҳои Қурама, Ҳисору Олой ва По­мир баландшавии бошиддатро аз сар гузаронидаанд. Релйефи ҳозираи То­ҷикистон натиҷаи ҷунбишҳои якҷои тек­то­ни­кии алпии қишри замин ва равандҳои де­ну­дат­си­онӣ (суфта шу­дани сатҳи замин) мебошад. Дар кӯҳ­ҳои То­ҷикистон ҳодисаҳои вулканӣ ба мушоҳида намерасанд, аммо зилзилаҳои қув­ваашон гуногуни дар нати­ҷаи ҳаракатҳои тектоникии зуд-зуд баамалоянда ба қайд гирифта мешаванд[1].

Унсурҳои асосии кӯҳнигории То­ҷикистон[1]

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • риштагӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой;
  • ҳавза (пастхами)-и Фарғона;
  • низоми кӯҳҳои Ҳисору Олой (Тиёншони Ҷанубӣ);
  • пастхамии Тоҷикистон (қис­ми нишебии ҷанубу ғарби Тоҷикистон);
  • Помир.

Риштакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Муғултой

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сил­си­ла­кӯ­ҳи Қурама ва мавзеи кӯҳсори Муғултой дар қисми шимолии ҷумҳурӣ воқеъ буда, ба таркиби кӯҳҳои Тиёншони Ғарбӣ дохил мешаванд. Силсилакӯҳи Қурама қа­риб 170 км дарозӣ дошта, нуқтаи баландтарини он Бобои Об (3 768 м) дар қисми шимолу шарқии сил­силакӯҳ ҷой­гир шудааст. Ин қисм дар самти ҷанубу ғар­бӣ тадриҷан паст шуда, ин раванд то ҳамвории дашти Дилварзин идома меёбад. Қисми ҷанубу ғарбии он кӯҳҳои Қаромазор ном дорад. Дар доманаи силсилакӯҳ ҳамвории нишебмонанд доман паҳн кардааст. Ҳадди ҷанубии он кӯҳҳои на чандон баланди Сомғор мебошанд, ки ба қа­тор­пуштаҳои ало­ҳидаи Оқчоп, Оқбел ва Супетдоғ тақ­сим шуда, аз чин­­­ҳои кӯ­то­ҳи антиклиналӣ иборат мебошанд.

Дар қисми ҷанубу ғарбии силсилакӯҳи Қурама сил­си­лакӯҳи на чандон бузурги Муғултой (баландиаш 1 623 м) қад аф­рохтааст, ки бо гузаргоҳи Мирзоработ ҷудо карда шу­да, қад-қади дарёи Сир 140 км тӯл кашидааст.

Ҳавзаи Фарғона

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳавзаи Фарғона дар байни сил­си­лакӯҳ­­ҳои Чатқал ва Қурама аз тарафи шимолу ғарб ва сил­си­лакӯҳҳои Туркистону Олой аз тарафи ҷануб ҷойгир шудааст ва дар нақша эллипси дарозиаш 350 км, паҳноияш то 150 км ва аз нигоҳи геологӣ мутобиқ бо пастхамии Фар­ғонаро ба хотир меоварад. Водии аз тарафи шимолу шарқ бо силсилакӯҳи Фар­ғона иҳоташуда танҳо дар тарафи ғарб гузар­гоҳе бо номи «Дарвозаи Хуҷанд» дорад, ки Сирдарё тавассути он ба дашти Мирзочӯл ҷорист. Дар ҳу­дуди То­ҷи­кистон қисми ғарбии водии Фарғона ҷой гирифтааст, ки дар шарқ нисбатан васеъ буда, ба тарафи ғарб тадриҷан танг мешавад.

Баландии ҳудуди тоҷикистонии ҳавзаи Фарғона аз 320 м дар ҷазираҳо ва дарёбодҳои Сирдарё то ба 800—1000 м дар доманакӯҳҳои иҳотакунандаи водӣ тағйир меёбад. Сирдарё водии Фарғонаро ба қисмҳои чапу рости соҳил ҷудо менамояд. Қисми рост дар ҳудуди Тоҷикистон аз со­ҳили дарё то доманаи силсилакӯҳи Қурама ва кӯҳҳои Му­ғул­той доман паҳн карда, 320—500 м баландӣ дорад; қис­ми чап дар байни дарё ва доманаи силсилакӯҳи Тур­кис­тон ҷойгир шудааст, ки дар ҷануб тадриҷан то 1 000 м баланд мешавад. Дар қисми рости водӣ кӯли хушкшаванда (мавсимӣ)-и Оқсуқон ҷойгир аст.

Дар ғарби ҳавзаи Фарғона дашти Мирзочӯл доман паҳн карда, қисми бештари он дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст ва бо сатҳи баландии мутлақи худ (250—300 м) мавзеи аз ҳама пасти Тоҷикистон мебошад. Он аз ҷанубу шарқ ба самти шимолу ғарб тадриҷан паст мешавад. Тарафи ҷа­нуб­тари онро ҳамвории доманакӯҳии нишебдори про­алю­виалӣ бо ташкилаҳои регхоку сангреза ва гилхок пӯ­шонидашуда ишғол менамояд, ки тадриҷан ба пеш­гоҳи шохаи силсилакӯҳи Туркистон табдил меёбанд. Дар байни онҳо ҳавзаи ниммаҳдуди Шаҳристон бо релйефи сертеппаи иборат аз ташкилаҳои регсангу сангрезадори бо зардхок пӯшонидашуда ҷойгир шудааст.

Ҳисору Олой

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди Тоҷикистон низоми сил­си­­ла­­кӯҳҳои Ҳисору Олой, ки ба Тиёншони Ҷанубӣ мансуб буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Ҳисор, Қа­ротегин ва Олой­­­ро дар бар мегиранд, мавқеи марказиро ишғол мена­моянд. Онро аз шимол водии Фар­ғона, аз ҷануб водии Ҳи­сор, водии дарёи Сурхоб ва Олой иҳота мекунанд. Дарозии умумии низоми сил­силакӯҳҳои Ҳисору Олой аз шарқ ба ғарб қариб 900 км, баландии аксари қуллаҳо зиёда аз 5000 м мебошад.

Силсилакӯҳҳои асосии Ҳисору Олой — Туркис­тон, Зарафшон, Ҳисор ва Олой — ба самтҳои ҳам ар­зӣ ва ҳам су­б-арзӣ кашол меёбанд. Барои теғаҳои ин кӯҳҳо релйефи алпӣ хос мебошад. Қисми шарқии Ҳи­сору Олой дар Қир­ғизистон, қисми ғарбӣ дар Ӯз­бе­кистон ва қисми миёнаи он дар ҳудуди То­ҷикистон ҷойгир аст.

Ҳисору Олой дар ҳудуди Тоҷикистон аз виргатсияи азими силсилакӯҳҳое, ки дар шарқи силсилакӯҳи Олой (дар ҳу­дуди То­ҷи­кис­тон қисми ғарбии он ҷойгир аст) оғоз мешаванд, иборат буда, силсилакӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор аз он ҷудо ва дар навбати худ (дар ҳу­дуди Ӯзбе­кис­тон) ба сил­силакӯҳ ва мав­зеъ­ҳои нисбатан паст тақ­сим мешаванд. Силсилакӯҳи Қаро­тегин аз сил­си­ла­кӯ­ҳи Ҳисор ҷудо мегардад. Низоми сил­сила­кӯҳҳои Ҳи­со­ру Олой, ки аз води­ҳо ба баландиҳо қад афрохтаанд, сад­ди душворгузаре мебошад, ки ҳудуди ҷумҳуриро ба ду қисм — шимолӣ ва ҷа­нубӣ ҷудо кардааст.

Силсилакӯҳи Олой, ки дарозиаш тақ­рибан 200 км аст ва қисми шарқии Ҳисору Олойро ташкил медиҳад, асосан дар ҳудуди Қирғизистон ҷойгир буда, як қисми начандон бузурги ғар­бии он дар ҳудуди Тоҷикистон воқеъ гардидааст. Силсилакӯҳи Олой дар бо­лооби Зарафшон, дар ағбаи Маст­чоҳ ба ду силсилакӯҳ — Туркистон ва Зарафшон тақ­сим мешавад. Силсилакӯҳи Туркистон дар бай­ни во­диҳои Фарғона ва Зарафшон ба масофаи 200 км тӯл кашида, релйефаш санглохӣ хос аст. Нуқ­таҳои ало­ҳидаи сил­сила­кӯҳи Туркистон, ба монанди қул­лаи Пирях 4 743 м, қул­лаи Аҳромшакл 5 510 м баландӣ доранд. Он дар қисми шарқӣ ба баландии ниҳоӣ расида, дар тарафи ғарб тад­ри­ҷан паст мешавад ва бо сил­сила­кӯҳи Нурато дар ҳудуди Ӯз­бек­истон ба охир мерасад. Ни­шебиҳои ҷанубии ин сил­силакӯҳ нисбат ба шимолӣ фарозтар буда, бо рӯдҳои канории дарёҳои Зарафшону Мастчоҳ бурида шуда, да­ра­ҳои тангу борики дарозиашон 10-15 км-ро падид оварда, аз ғарами санг­тӯдаю санг­ре­заҳо иборатанд. Дар сил­сила­кӯҳи Туркис­тон беш аз 20 ағба мавҷуд буда, водии За­рафшонро ба во­дии Фарғона мепайванданд. Аз болои се ағба (Шаҳ­ристон, 3 351 м; Вешаб ва Оббурдон) нақбу ро­ҳи автомобилгард мегузарад.

Роҳҳои пайвасткунандаи водиҳои Зарафшон ва Фар­ғо­на тавассути ағбаҳои силсилакӯҳи Туркистон мегузаранд, ки бисёре аз онҳо дар баландии беш аз 4 000 м ҷой­гир буда, душворгузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Шаҳристон (3 351 м) аҳаммияти калон дорад ва дар замони истиқ­ло­лият дар ин ҷо нақби «Шаҳристон» бунёд гардид. Ба ис­тифода дода шудани ин нақб мушкили мусофиронро осон карда, яке аз қадамҳои устувори Ҳукумати кишвар дар сам­ти баромадан аз бунбасти мухобиротӣ (комму­никат­сио­нӣ) буд.

Силсилакӯҳи Зарафшон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилакӯҳи Зарафшон тақрибан ҳамсон бо силси­ла­кӯ­ҳи Туркистон тӯл мекашад. Аз байни онҳо дарёи Зараф­шон ҷо­рист. Дарё асосан аз водии тангу амиқ ҷорӣ гардида, тезоб ва пурталотум мешавад. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ су­фа­ҳои қадимии дарё боқӣ мондаанд (дар наз­ди шаҳраки Ай­нӣ ва Дупула), ки онҳоро об шус­та амиқ кардааст.

Намое аз кӯҳҳои Зарафшон

Дар кӯҳҳои Зарафшон аҳёнан фурӯ уфтоданҳои баву­ҷу­доварандаи кӯлҳои муваққатӣ вомехӯ­ранд. Поинтар, аз резиш­гоҳи дарёи Киштӯд (қисми шар­қии деҳаи Шӯрча) водии Зарафшон ба самти ғарб вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯ­сар, Сӯҷина ва шаҳри Панҷакент дарёбод ва су­фаҳои васеи барои кишт мувофиқ пайдо шудаанд. Дар дарёбоди назди деҳаи Сӯҷина ва атрофи шаҳ­ри Панҷакент шолӣ мекоранд. Дарёи Зарафшон комилан дар ҳудуди Тоҷикистон шакл мегирад. Баъди ба ҳу­ду­ди Ҷум­ҳурии Ӯзбекистон ворид шудан он дар байни дар­ғоти назди деҳаи Работи Хӯ­ҷа ва шаҳри Навоӣ, дар хамии васеи бай­ни­кӯҳӣ ҷорӣ мешавад ва маҷрои он оҳиста-оҳиста ва­сеъ гардида, ҷо-ҷо дарёбоди хурду бузург ҳо­сил мекунад. Дар баландиҳои дарёи Зарафшон (дар болообаш) зиёда аз 350 пирях (масоҳати уму­миашон 269 км²) мавҷуд аст, аз ҷумла дар пай­ванд­гоҳи силсилакӯҳҳои Туркистону Зарафшон пиряхи Зарафшон воқеъ гардидааст, ки яке аз пир­яхҳои бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Те­ғаи сил­сила­кӯҳи Зарафшон шакли харсангиро дорад. Дар тафовут аз сил­силакӯҳи Туркис­тон, ки аз аввал то охир аз мар­заҳои бефосилаи кӯҳӣ иборат аст, силсилакӯҳи Зарафшонро шо­хобҳои чапи дарёи Зарафшон — Фон, Киштӯд ва Мо­ғиён ба таври тарвоза убур ва онро ба қисмҳо ҷудо кар­­даанд. Қисми силсила­кӯҳ­ҳои байни дарёҳои Фон ва Киш­тӯдро кӯҳ­ҳои Фон меноманд. Ин кӯҳҳоро водию да­раҳои амиқ ба якчанд силсилаи кӯҳҳои хурд тақсим кардаанд. Нуқ­таи аз ҳама баланди силсилакӯҳи Зарафшон — қуллаи Чим­тарға (5495 м) дар ҳамин ҷо воқеъ аст. Дар нише­би­ҳои ғарбии он якчанд кӯл ҳаст, ки калонтаринашон Кӯли Калон ном дорад.

Қисми шарқии силсилакӯҳи Зарафшон (то дарёи Фон) бо номи силсилакӯҳи Мастчоҳ машҳур аст. Дар ҷануб кӯҳ­ҳои Фонро водиҳои баландкӯҳи Қарокӯл ва Искандар бо силсилакӯҳи Ҳисор пайваст мекунанд. Қисми севвуми силсилакӯҳи Зарафшон (баландиаш то 4 000 м) байни дарё­ҳои Киштӯду Моғиён воқеъ буда, водию дара­ҳои амиқ дорад. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд. Қисми силсилакӯҳи Зарафшон — аз дарёи Моғиён то ағбаи Тахтақарача — кӯҳи Чақили Калон ном гирифтааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 2 500 м, нуқ­таи аз ҳама баландаш 2 936 м. Нишебиҳои шимолии он росту кӯтоҳ, ҷанубиаш моилу дароз.

Силсилакӯҳи Зарафшон дар болооби Яғноб, дар нуқ­таи Барзангӣ, ки обтақсим­кунаки байни ҳавзаҳои Ому ва Зарафшонро ба вуҷуд меоварад, аз силсилакӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Баландии он дар қисмҳои шарқӣ ва миёна (қул­лаи Қазноқ — 4 688 м) аст; силсилакӯҳ дар ҷанубу ғарб тад­­риҷан паст шуда, дар ҳудуди Ӯзбекистон ба силсила­кӯҳ­ҳои начандон баланд табдил меёбад. Дарозии умумии сил­си­ла­кӯҳи Ҳи­сор дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 250 км ме­бошад; теғаи танг ва қуллаҳои тез дорад. Дар нише­би­ҳои сил­силакӯҳи Ҳисор пирях­ҳои дарозиашон аз 0,5 то 2-3 км мавҷуданд, ки бештар дар қис­ми ғарбии он ҷой­гиранд. Сарчашмаи бисёр дарёҳо аз ҳа­мин ҷо оғоз меёбад, шох­обҳои дарёи Ко­фар­ниҳон аз ҳа­мин ҷо ибтидо мегиранд. Ни­шебиҳои сил­­си­ла­кӯҳ ба таври нобаробар рушд кардаанд. Ни­ше­биҳои қисми шимолӣ росту кӯ­тоҳ бу­да, рӯ ба дараи дарёи Яғноб доранд; ни­ше­би­ҳои ҷанубӣ дароз ва аз ҳам ҷудо мебошанд. Аз ин ҷо дар самтҳои арзӣ ва мери­дианӣ шохакӯҳҳои баландиашон зиёда аз 4 000 м (Санги Навишта, Осмонтала ва ғ.) ва во­ди­ҳои тӯлӣ (мас., водиҳои Зидеҳ ва Май­хӯра) доман паҳн кардаанд. Тавассути сил­си­ла­кӯҳи Ҳи­сор бисёр ағба­ҳои ирти­ботӣ ме­гузаранд. Дар байни онҳо ағбаи Анзоб (3 372 км) аҳа­м­­мияти калон дорад ва аз он нақби «Ис­тиқлол» мегузарад.

Пастхамии Тоҷи­­к­истони Ҷанубу Ғарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ, дар самти ҷанубии Ҳи­со­ру Олой ва ғарби Помир ноҳияи пастшудае бо сил­си­ла­кӯҳҳои начандон баланд ва ҳавза­ҳои васеъ мавҷуд аст. Ҷойгирии сил­си­ла­кӯҳ­ҳои Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ ху­су­си­ят­ҳои худро доранд: онҳо ба ҳам наздик шу­да, тоб хӯрда, дар шимолу шарқ ба баландии ниҳоӣ расида, дар самти ҷанубу ғарб монанди бодбезак аз ҳам ҷу­до шуда, тад­риҷан паст мешаванд ва ниҳоят дар соҳил­ҳои чапи дарё­ҳои Панҷу Ому нопадид мегарданд. Ин силси­ла­кӯҳ­ҳо ва сил­сила­теппаҳо мутаносибан баландии миёнаи 300-1 700 м (ҳангоми ни­шон­ди­ҳан­да­ҳои мут­лақ 500-2 300 м) дошта, дар шимолу шарқ ба 2 500-4 000 м мерасад. Аз силсилакӯҳҳои хурд — Вахш, Ҷилонтоғ, Сурх­кӯ, Сар­сарак, Тераклитоғ, Қа­ра­тоғ, Рангон, Оқтоғ, Бо­ботоғ ва ғ. маълуманд. Дар байни сил­си­лакӯҳҳо водию ҳам­вори­ҳои Ҳи­сор, Вахш, Кофар­ни­ҳо­ни Поинӣ, Фархор, Кӯ­л­об, Ёвон, Данғара доман паҳн кар­даанд. Онҳо дар ба­ландиҳои аз 300—400 то 1 200 м ҷой­гир шудаанд, ки сарфи назар аз хурд буданашон, маҳал­ли асосии маскунии аҳолӣ ва май­донҳои кишт мебошанд. Балан­диҳо баъзан шакли пуш­та­кӯҳ­ро доранд. Ин қисми ҷанубу ғарбии паст­­­кӯҳи ҷум­ҳурӣ, ки нисбат ба ҳу­дудҳои баландкӯҳи он мав­қеи паст­ро ишғол менамояд, ба пастхамии То­ҷи­кис­тон муво­фи­қат мекунад.

Дар шимолу шарқи Тоҷикистони ҷанубу ғарбӣ тар­қиш­ҳо (роғҳо)-и тектоникӣ мав­ҷуданд, ки ба унвони сарҳадҳои пастхамӣ хидмат мекунанд. Дар ин ҷо ҳара­кати кӯҳ­пайдошавӣ, ки дар давраи алп шурӯъ шудааст, то ба ҳол идома дорад. Ҳудуди мин­тақа тадриҷан баланд мешавад. Он ба мин­тақаи заминҷунбиҳои 7-8 балла ва кано­раҳои ши­молию шарқии он ба минтақаи за­мин­ҷунбиҳои 9 балл ман­суб дониста мешавад. Дар ма­ҳалҳое, ки сил­сила­кӯҳҳо ба ҳам­дигар наздик мешаванд, дарёҳо дар да­ра­ҳо ва оббурдаҳои тангу амиқ ҷо­рианд. Бахусус водии дарёи Вахшро қайд кардан зарур аст. Дар яке аз онҳо (мавзеи Пули Сангин) НБО-и Норак бунёд гардидааст. Водиҳои Тоҷикис­тони ҷа­ну­бу ғар­бӣ асосан аҳам­мияти калони кишоварзӣ доранд.

Дар доманаи силсилакӯҳи Ҳисор водии Ҳисор ҷой­гир шудааст, ки дарозиаш аз шарқ ба ғарб 110—115 км ва паҳ­ноияш аз 1,5 то 24 км мебошад. Дар қисми мар­казӣ баландии мутлақи он 720 м-ро ташкил ме­диҳад. Водӣ дар ка­нораҳо ба адирҳо табдил меёбад. Водии Ҳисорро аз рӯи диагонал дарёи Кофарниҳон ва дар ғарб дарёи Қа­ротоғ — маҷрои болоии Сурхондарё бурида мегузаранд. Дар қисми шарқӣ водӣ ба сил­сила­кӯҳҳои Қаро­тегин ва Пётри Якум мепайвандад. Дар ғарб водӣ қариб дар назди сарҳадди Тоҷик­истону Ӯз­бекистон ба охир мерасад. Дар ин мин­тақа бо водии васеи Сурхондарё ҳам­сарҳад аст.

Дар ҷануб, дар поинобҳои дарёи Вахш водии Вахш ҷой­­гир шудааст, ки ба самти меридианӣ қариб 100 км да­розӣ дорад; паҳнои он аз 7 то 25 км мебошад. Тарҳи имрӯ­заи релйефи водӣ вобаста ба кӯҳпайдоиши алпӣ дар давраи кайнозой сурат гирифтааст. Водиро аз се тараф сил­сила­кӯҳ­ҳои начандон баланди Туюнтоғ, Бо­ботоғ, Оқ­тоғ, Рангон, Қа­ратоғ ва Тераклитоғ иҳота кар­­даанд ва аз самти ҷа­нуб кушода мебошад. Ба таркиби водӣ дарёбоди тӯ­ғай­зор ва панҷ суфаи мушаххас дохил мешаванд. Баландии мут­лақи он аз 300 то 450 м мебошад. Аз тарафи шимол ба он во­диҳои то ба наз­дикӣ беоби Ёвон ва Обикиик пайваст­анд, ки дар ҳоли ҳозир тавассути шабакаи нодири нақбҳои дар сил­сила­кӯҳҳои Қаро­тоғ кандашуда аз дарёи Вахш обё­рӣ карда мешаванд.

Водиҳои дигар — Кофарниҳони Поён, Бешкент, Фархору Чӯбак ва Панҷ дар дарёи Панҷ; Кӯлоб дар дарёҳои Қи­зилсу ва Ёхсу аҳаммияти иқтисодӣ доранд. Аз ҷанубу шарқ ва дар қисми ғарбии ҳамвории Кӯлоб конҳои намаки Хоҷамуъмин ва Хоҷасартез ҷойгир шудаанд.

Дар маҷрои миёнаи дарёи камоби Тоҳирсу пуштакӯҳи Дан­ғара ҷойгир аст. Дар ин ҷо аз нақбе ки дар силсилакӯҳи Гулизиндон канда шудааст, об аз обанбори Норак ҷорӣ мешавад.

Шарқи Тоҷикистонро кӯҳҳои Помир фаро гирифтаанд. Ин сил­силакӯҳҳоро метавон ба Помири Шар­қӣ ва Помири Ғарбӣ ҷудо кард. Марзи шартии байни он­ҳо аз хатте мегузарад, ки силсилакӯҳҳои Зулумартро бо садди Усой, Яшилкӯл ва резиш­гоҳи Вахондарё бо дарёи Панҷ мепайвандад. Ҳастаи манзумаи кӯҳ­сори Помир кӯ­тоҳ — 108 км, ба таври нис­фун­наҳорӣ (меридиан) кашидашудаи силсилакӯҳи Академияи Фанҳо мебошад. Ин на танҳо баландии Тоҷикистон, балки баландтарин нуқтаи тамоми ИДМ (Иттиҳоди Дав­латҳои Мустақил) аст. Баландии миёнаи хатти теғаи сил­силакӯҳ 5757 м буда, ағба (кӯтал)-и пасттарин — Кашолаях мутаносибан бо баландтарин қуллаи Алп-Монблан баробар аст. Баландтарин қул­­лаи силси­лакӯҳи Академияи Фанҳо «Исмоили Со­мо­нӣ» (собиқ «Коммунизм») аст, ки иртифои он 7 495 м бу­да, дар рӯйхатти баландтарин қул­ла­ҳои ҷаҳон мақоми 50-умро ишғол мекунад. Қуллаи Исмоили Сомониро бо­ри нахуст сентябри 1933 кӯҳ­наварди шӯравӣ — узви Экспедитсияи омӯ­зишии АИ ИҶШС Евгений Абалаков фатҳ ва дар қуллаи кӯҳ пойгоҳи радиои обу­ҳавосанҷии худкор насб кард. Аз нишебиҳои қулла чандин пирях сарозер ва бо пиряхи Гармо пайваст мешаванд. Дар қисми шимолии кӯҳ қуллаи Е. Корженевская (7 105 м) ҷой гирифтааст. Он­ро кашшофи қулла Н. Л. Кор­женевский ба хотири ҳам­сараш номгузорӣ кардааст.

Дар баландии 6 000-6 100 м Пуштакӯҳи пиряхии Помир бо ғафсии то 150 м хобидааст. Сил­силакӯҳи Академияи Фанҳо дар шимол аз соҳили чапи дарёи Муғ­су ибтидо гирифта, қуллаи он Музҷилга 6 376 м баландӣ дорад. Аз тарафи ғарби силсила­кӯҳи Ака­демияи Фанҳо сил­силакӯҳҳои Пётри Якум, Дарвоз, Ванҷ ва Язгулом қад афрохтаанд. Силсила­кӯҳи Пётри Якум байни Сурхоб — Муғ­су ва Обихингов ҷой гирифтааст. Баландтарин қуллаи ин силсилакӯҳ Арнавад (6 083 м) мебошад. Идомаи ин сил­сила­кӯҳ Ҳазрати Шоҳ ном дорад. Силсилакӯҳи Ванҷ ба гунаи ғайри­муқар­рарӣ тангно ва нишеб буда, байни дар­ё­ҳои Ванҷ ва Язгулом ҷой гирифтааст. Силсила­кӯҳи Язгулом дар ҷа­нуби сил­силакӯҳи Академияи Фан­ҳо, байни дар­ёҳои Язгулом ва Бартанг ҷой­гузин аст. Нуқтаи баландтарини он қуллаи Истиқ­лол (собиқ Револютсия) 6 974 м мебошад. Силсилакӯҳ­ҳои ғарби Бадахшон дара­ҳои ами­қу танги кӯ­ҳӣ ва қулла­ҳои тези дандонадор дошта, доиман барф­пӯшанд. Кӯҳ­­до­манҳо дар балан­дии 1 700-1 800 м аз с. б. қарор гирифта, қулла­ҳоя­шон бештар аз 6 000 м ба­ландӣ доранд. Аз сарозерии нише­биҳои да­раҳо тармаҳо ва сангчарха фаромада, баъзан боиси пай­доиши кӯл­ҳо мешаванд. Байни дарёҳои Бартанг ва Ғунд силсилакӯҳи Рӯ­шон ҷой гирифтааст, ки баландтарин қул­лаи он — Патхор (6080 м) мебошад. Ҷа­нубтар силсилакӯҳи Шуғнон имтидод меёбад ва андаке ҷудо аз он силсилакӯҳи Шоҳдара бо иртифои қуллаҳои Карл Маркс (6 726 м) ва Энгелс (6 510 м) қомат афрохтаанд. Дар зовияи ҷанубу ғарбии Бадахшон сил­силакӯҳи нисбатан кӯ­тоҳи Ишкошим ҷойгир аст, ки иртифои қуллаи он — Маяковский (6 098 м) мебошад. Тамоми силсилакӯҳи Помири Ғарбӣ пирях­ҳои нав доранд.

Новобаста аз баландии мутлақ — то 5 000-5 500 м аз с. б., релйефи Помири Шарқӣ суфакӯҳ аст. Бештари ҳудуди ин минтақа ҳавзаҳои беобанд. Ин ҷо аз водиҳои фарохи ғайри­­­муқаррарӣ дарёҳо ором (дар баландии 3700 то 5500 м аз с. б.) ҷорианд. Шаклҳои асосии релефи Помири Шар­қӣ пиряхи қадимӣ буда, рӯи замини ин ҷоро аз об­шус­ташавӣ — облесӣ эмин медоранд. Дар Помири Ғар­бӣ қа­бат­­ҳои пиряхӣ барвақттар об шуда, рӯи замини он­ро харобу валангор намуда, дарёбодҳои амиқе ба вуҷуд омадаанд. Аз ин сабаб, дар тафовут аз ғарби Бадахшон, дар қис­ми шар­­қии он облесию обхӯрдагиҳо кам ба назар мерасанд.

Бадахшонро аз тарафи шимол силсилакӯҳи Паси Олой (дарозиаш 92 км) муҳофизат мекунад. Девораи рост ва баланди он ба водии Олой мефурояд; нишебии ҷанубиаш ҳамвор ва кӯтоҳ мебошад. Силсилакӯҳ махсусан дар қис­ми миёна (то 6 000 м), дар ҷое ки қуллаи азими Ленин (ҳо­ло Абӯали Сино, 7 134 м) ҷойгир аст, хеле баланд мебошад. Тавассути ағбаи Қизиларт дар баландии 4 280 м баландтарин шоҳроҳи кӯҳӣ — шоҳроҳи автомобилгарди Помир мегузарад, ки шаҳри Ӯши Қирғизистонро бо маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ мепайвандад. Аз тарафи ҷа­нуби силсилакӯҳи Паси Олой, силсилакӯҳи Зулумарт ҷу­до мешавад. Силсилакӯҳи Музкӯл бо қуллаи Афсарони шӯ­­равӣ (6 233 м) қариб аз миёнаи ҳудуди Помири Шарқӣ аз ғарб ба шарқ тӯл кашидааст. Роҳи Помири Шарқӣ шо­хакӯҳҳои силсилакӯҳи Музкӯлро дар ағбаи Оқбайтал, дар баландии 4 655 м аз с. б. бурида мегузарад. Дар ҷа­нуб­­тари он сил­силакӯҳҳои Аличури шимолӣ (бо қуллаи баландиаш 5 629 м) ва Аличури ҷанубӣ, дар интиҳои ҷа­ну­бу шарқ — сил­силакӯҳи Вахон бо қуллаи Солсбери (5 979 м) тӯл кашидаанд.

  1. 1.0 1.1 Табиат / Х. Муҳаббатов // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 46—51. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.