Лаби ҷай (кӯл)
Макон | |
---|---|
39°06′25″ с. ш. 68°35′48″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Суғд |
Лаби ҷай — кӯлест дар қисми шимолии деҳаи Ғаберӯди ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст.
Дар тобистон оби он зиёд шуда, аз кӯл берун баромада, самти деҳа роҳ мегирад. Агар дар тобистон назар афканед, бисёр даҳшатнок аст, оби зиёд дорад. Ҳар кас наметавонад, ки дар ин кӯл оббозӣ кунад. Чунки оби он ниҳоят сарду хунук аст. Вақте ки дар зимистон оби он хушк мешаваду ба он назар мекунӣ, аҷиб менамояд. Касро он манзара дар тааҷҷуб меорад, ки наход ҳамон кӯли бузург хушкида бошад!? Тарқишҳои зиёде мавҷуданд, ки бинандаро дар ҳайрат меоранд. Ин мавзеъро ба он хотир Лаби ҷай гуфтанд, ки замоне дар он ҷо кӯл буда, он канда шудааст. Ин суханҳо асоси воқеӣ дорад. Зеро то ҳол канда шудани он маълум нест. Ҳар нафаре, ки ба он назар мекунад, бе ҳеч шубҳа гуфта метавонад, ки замоне он кӯл канда шуда, деҳаро шуста бурдааст. Дар замони Шӯравӣ сайёҳон аз дигар давлатҳои хориҷӣ ба воситаи чархбол омада, ҳафтаҳо дар ин сарзамин истироҳат карда, сипас ба ватанашон бармегаштанд. Дар он тарафи ағбаи Ҷолапаст пирях то ба тарафи кӯҳдоман поён фуромада, дар пойдомани он як кӯли хеле зебое пайдо гаштааст. Як ҳиссаи кӯл хушк буда, се ҳиссаи онро пирях ташкил медиҳад. Баландии пирях дар ин ҷо 40-50 метрро ташкил медиҳад.[1]
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 131. — 470 с.(тоҷ.)
- Кӯлҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: камтар аз ним сол
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Баландӣ аз сатҳи баҳр
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳат
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Масоҳати обанбор
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Дарозӣ
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Бар
- Қуттии кӯл: пуркунӣ: Ҳаҷм
- Ҷуғрофияи Тоҷикистон
- Кӯлҳои вилояти Суғд
- Мавзеъҳои табии Тоҷикистон